Дар ин бора Бюрои миллии марказии Интерпол дар Ӯзбекистон хабар дод.

Гуфта мешавад, бозгардонидани ин шахсон, ки ба содир намудани ҷиноятҳои дараҷаи гуногуни вазнинӣ гумонбар дониста мешаванд, натиҷаи ҳамкории чандинсолаи Бюрои миллии марказии Интерпол дар Ӯзбекистон ва Бюрои миллии марказии Интерпол дар АМА мебошад.

Дар натиҷаи амалҳои ҳамоҳангшудаи Бюроҳои миллии марказии Интерпол дар Ӯзбекистон ва АМА, инчунин ҳамкории мақомоти салоҳиятдори ду кишвар, расмиёти зарурӣ анҷом дода шуданд.

Аз аввали соли ҷорӣ аз АМА ба Ӯзбекистон 16 нафар, ки тавассути Интерпол дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, истирдод шудаанд.

Таъкид мешавад, ки ин натиҷа аз самаранокии амалии ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҷустуҷӯи афрод шаҳодат медиҳад. Илова бар ин, робитаҳои устувори корӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар дар мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ ва пешгирии саркашии шахсони ҷиноят содиркарда аз ҷавобгарӣ аҳамияти муҳим доранд.

Бюрои миллии марказии Интерпол дар Ӯзбекистон корҳои муайян намудани маҳалли будубоши шахсоне, ки дар хориҷ пинҳон мешаванд, инчунин бозгардонидани онҳоро ба Ӯзбекистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ идома медиҳад.