Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи дониш, ки дар ҳамоҳангӣ бо ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли Ватани азизамон баргузор мегардад, самимона табрик мегӯям.

Дар ин рӯзи шодиву фараҳ, ба қариб 800 ҳазор нафар писарону духтаронамон, ки бо нигоҳҳои беғубор ва пур аз ҳайрату ҳаяҷон, бо орзуву ниятҳои бузург ба остонаи мактаб қадам мегузоранд, инчунин ба падару модарон ва ҷомеаи омӯзгорон орзуву ниятҳои неки худро баён менамоям.
Бигзор, соли нави таҳсил дар тамоми низоми таълими мамлакат, дар ҳаёти мактаб, литсей, техникум ва муассисаҳои таҳсилоти олии мо соли нави болоравии маърифат бошад!

Муҳтарам, иштирокдорони ҷашн!

Мо ҳама шоҳидем, ки солҳои охир ба туфайли ислоҳоти густурдае, ки дар соҳаи таълиму тарбия амалӣ мегарданд, мактабҳои Ӯзбекистони Нав симои комилан нав касб карда, сифати таълим пайгирона такмил меёбад.

Писару духатрони мо, ки дар чунин муҳит ба воя расида, камол меёбанд ва бо дастовардҳои аввалини худ дар таҳсил, таълими касбӣ, технологияҳои иттилоотӣ, корҳои эҷодӣ, варзиш ва фаъолияти ҷамъиятӣ падару модарон ва устодони худро шод мегардонанд, ояндаи дурахшон, фонди тиллоии мо мебошанд.

Дар симои чунин фарзандони донишманд, зирак, меҳнатдӯст ва ҷӯё, ки сафҳояшон сол то сол меафзояд, мо ниҳолҳои давраи Эҳёи сеюмро мебинем. Ҳамчун дарахти азими шукуфон, сутунҳои ояндаи дурахшони кишварамон тарбия намудани ҳар яки онҳо, вазифаи муқаддаси мо мебошад.

Бешубҳа, ба рушди соҳаи таълиму тарбия, ки барои расидан ба чунин ҳадафҳои бузург ҳамчун таҳкурсии мустаҳкам хизмат мекунад, минбаъд низ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем. Барои дар баробари дониши мукаммал, албатта, ҳадди ақал як касбу ҳунари муосирро аз худ кардани фарзандонамон, ки аз оғӯши мактаб ба ҳаёти бузург роҳхат мегиранд, ҳамаи шароитҳоро фароҳам меорем. Барои ин дар минтақаҳо «Шаҳракҳои касбҳо»-ро таъсис дода, таҷрибаи муосир ва мутахассисони пешқадамро ҷалб хоҳем кард.

Фарзандони азизам! Калиде, ки дарҳои хушбахтиву зиндагии саодатмандро ба рӯятон боз мекунад, роҳи ҳалли саволҳои мураккабе, ки дар роҳи умр пайдо мешаванд ва кафолати паси сар кардани озмоишу душвориҳо низ танҳо дониш, дониш ва дониш аст. Ҳар як дақиқаи ҷавонии зебои худро қадр намуда, донишҳои нав, ғоя ва навовариҳо, касбу ҳунарҳо, забони модарии худ, инчунин асосҳои таърих ва фарҳанги ғаниамонро амиқ аз худ кунед. Таърихи ҷаҳон ва забонҳои хориҷиро низ аз таҳти дил омӯзед. Ҳеҷ гоҳ аз ҷустуҷӯ ва талош бознаистед.

Замини муқаддасеро, ки аз ниёгонамон мерос мондааст, бо тамоми ҳастӣ, аз дил дӯст доред, бо эҳсоси садоқати бепоён ба халқ ва Ватани худ зиндагӣ кунед!
Дар ин роҳ устодони меҳрубон ва падару модарони худро наздиктарин дӯстону маслиҳатгарони худ донед!

Барои шумо таманнои онро дорам, ки соли нави таҳсилро бо баҳои аъло оғоз намуда, ҳар як чоряки таҳсилро бомуваффақият ҷамъбаст кунед ва сиҳатмандӣ, омад ва пирӯзӣ ҳамеша ёратон бошад.

Иди дониш ба ҳамаи шумо муборак бошад, фарзандони азизам!


Шавкат Мирзиёев,

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон