Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи муносибатҳои Ӯзбекистону Арманистон, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, баррасӣ шуданд.

Дар ин замина аҳамияти таҳияи лоиҳаҳои нави муштараки ҳамкории саноатӣ махсус таъкид гардид.

Раҳбари кишвари мо ҷонибдори таҳкими робитаҳои мутақобила тавассути рушди логистика ва долонҳои нақлиётие гардид, ки минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубиро бо ҳам мепайванданд.

Президенти Ӯзбекистон ба талошҳо барои ҳарчи зудтар ба имзо расонидани Созишномаи сулҳ, ки заминаи устувори суботи минтақавӣ ва рушди пойдор хоҳад шуд, баҳои баланд дод.

Ҳамчунин ҷадвали баргузории чорабиниҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардид.