Барои мо шарафи бузург аст, ки шуморо дар шаҳри бостонии Самарқанд самимона хайрамақдам мегӯем. Ин шаҳр дар тӯли асрҳо Шарқу Ғарб, фарҳангҳо ва тамаддунҳои гуногун, илм ва донишҳои амалиро ба ҳам пайванд додааст.

Ҷаласаи имрӯза дар арафаи 5 июн — Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист баргузор мегардад ва аҳамияти хоси рамзӣ дорад. Ба ин муносибат ҳамаи иштирокчиёни форумро аз самими дил бо ин санаи муҳим табрик мегӯям.

Тавре ки ба шумо маълум аст, имрӯз инсоният бо буҳронҳои бесобиқа — тағйирёбии иқлим, аз байн рафтани гуногунии биологӣ ва ифлосшавии муҳити зист рӯ ба рӯ мебошад.

Дар ҳалли чунин мушкилот Хазинаи ҷаҳонии экологӣ нақши махсус дорад. Бояд баҳои баланд дод, ки ин платформаи нодири ҳамкории ҷаҳонӣ, ки 186 давлатро муттаҳид кардааст, то имрӯз барои татбиқи лоиҳаҳои экологӣ беш аз 170 миллиард доллари ИМА сафарбар намудааст.

Мутаассифона, биёбоншавӣ, таназзули заминҳо, обшавии пиряхҳо ва камбуди об, ки натиҷаи тағйирёбии иқлим мебошанд, ҳамоно аз таҳдидҳои асосӣ барои Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбанд. Тибқи таҳлили Бонки ҷаҳонӣ, дар минтақаи мо тақрибан 37 миллион нафар дар минтақаҳои дорои норасоии шадиди об зиндагӣ мекунанд ва то соли 2050 ин нишондиҳанда метавонад ба 75 миллион нафар расад.

Муҳтарам иштирокчиёни форум!

Ӯзбекистони нав, сарфи назар аз мушкилоти бузурги мавҷуда, дигаргунсозии экологиро ҳамчун модели нави рушд арзёбӣ мекунад. Аз ин рӯ, мо ба идоракунии низомманди лоиҳавӣ гузашта, панҷ лоиҳаи миллиро амалӣ менамоем, ки ҳифзи ҳавои атмосфера, гуногунии биологӣ, идоракунии партовҳо, сабзкорӣ, маърифати экологӣ ва фарҳанги экологиро дар бар мегиранд.

Дар доираи ин ташаббусҳо то соли 2030 пешбинӣ шудааст, ки масоҳати минтақаҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ то 21 фоизи қаламрави ҷумҳурӣ васеъ гардида, партовҳои зараровар ба атмосфера 10,5 фоиз коҳиш дода шаванд ва дар ҳар минтақа боғҳои дендрологӣ ва ботаникӣ таъсис ёбанд.

Дар бахши истеҳсоли энергия аз партовҳо имсол ба истифода додани 2 корхона ва дар ду соли оянда боз 9 корхонаи дигар ба нақша гирифта шудааст. Ин корхонаҳо имкон медиҳанд, ки ҳар сол 5,5 миллион тонна партов коркард шуда, ихроҷи газҳои гулхонаӣ 1,1 миллион тонна коҳиш ёбад.

Дар кишвари мо низоми ягонаи маориф ва илми экологӣ ташаккул меёбад. Дар заминаи «Green University» 10 пажӯҳишгоҳ ва марказҳои илмӣ, инчунин 14 техникуми «сабз» муттаҳид гардида, раванди баланд бардоштани саводи экологии қариб 2 миллион ҷавон оғоз шудааст.

Мо ба фоҷиаи Арал, ки дар асри гузашта ба вуҷуд омадааст, аз нигоҳи нав менигарем ва барои бартараф кардани паёмадҳои он, табдил додани минтақаи назди Арал ба фазои эҳё, илм ва навоварӣ, беш аз 2 миллион гектар заминҳои таназзулёфтаро барқарор менамоем.

Бо мақсади муттаҳид сохтани талошҳои минтақавӣ ва ҷорӣ намудани роҳҳалҳои амалӣ, платформаи «Eco Expo Central Asia» роҳандозӣ шудааст, ки ба ҷалби сармоя ва технологияҳои «сабз» барои лоиҳаҳои ҳалли мушкилоти экологӣ дар минтақаҳо ва саноат мусоидат хоҳад кард.

Аз фурсат истифода бурда, шуморо ба боздиди намоишгоҳи ташкилшуда даъват менамоям. Умедворам, ки лоиҳаҳои сабзи мо барои ба даст овардани созишномаҳои мутақобилан судманд замина фароҳам меоранд.

Дӯстони азиз!

Бешубҳа, таъсири ҳарчи бештар манфии тағйирёбии иқлим аз мо иқдомҳои фаврии амалӣ талаб мекунад. Дар доираи Ассамблея мо ният дорем як қатор ташаббусҳоро пешниҳод намоем ва дастгирии шумо барои татбиқи онҳо аҳамияти калон дорад.

Якум. Пешниҳод менамоем, ки Самарқанд ҳамчун «Пойтахти сармоягузорӣ ва навовариҳои сабзи Осиёи Марказӣ» эълон карда шавад.

Мо мақсад дорем Самарқандро ба маркази минтақавии иқтисоди "сабз", рушди устувор ва маблағгузории иқлимӣ табдил диҳем, шаҳрро ҳамчун минтақаи намунавии «сабз» рушд дода, минбаъд ин таҷрибаро ба дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ паҳн намоем.

Дуюм. Агар 600 сол пеш Мирзо Улуғбек Самарқандро ба маркази илм табдил дода бошад, имрӯз дар ҳамкорӣ бо Маркази рушди устувори Донишгоҳи Колумбияи назди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ оид ба омӯзиши муҳити зист ва тағйирёбии иқлим Пажӯҳишгоҳи рушди устувори ба номи Улуғбек таъсис дода мешавад.

Ин пажӯҳишгоҳ ба платформаи пешбари илмӣ-таҳлилӣ оид ба дигаргунсозии минтақаҳо ва соҳаҳои иқтисодӣ дар асоси рушди сабз ва устувор, ҷалби марказҳои илмии байналмилалӣ ва муассисаҳои молиявӣ табдил хоҳад ёфт. Идоракунии стратегии он тавассути Шӯрои парасторон назди Президент амалӣ мешавад.

Сеюм. Бо мақсади таҳияи роҳҳалҳои муассир барои муқовимат ба паёмадҳои манфии тағйирёбии иқлим, Маркази миллии тағйирёбии иқлим ва гидрометеорология таъсис дода мешавад.

Ин марказ соҳаҳои гидрометеорология, огоҳсозии барвақтӣ, глятсиология, арзёбии таъсири иқлим ва мониторинги газҳои гулхонаиро муттаҳид намуда, барои пешгӯии иқлим, моделсозӣ, барномаҳои мутобиқшавӣ ва коҳиш додани таъсир, ҳамкории минтақавӣ ва иштирок дар барномаҳои байналмилалӣ заминаи институтсионалӣ фароҳам меорад.

Чаҳорум. Ба наздикӣ бо Президенти Қазоқистон дар бораи таъсиси консорсиуми байнидавлатии «Ҳавои тоза» ба мувофиқа расидем. Фаъолияти он ба ҷалби маблағгузории "сабз", ҷангалкорӣ, таҳқиқоти илмӣ, навсозии экологии саноат, инчунин таҳкими мониторинг ва назорат равона хоҳад шуд. Мо ҳамаи давлатҳои минтақаҳоро ба ҳамроҳ шудан ба фаъолияти ин консорсиум даъват менамоем.

Панҷум. Дар заминаи Институти мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод менамоем, ки дар минтақаи назди Арал ташаббуси «иқтисодиёти биёбон» пеш бурда шавад, ки ба коҳиш додани оқибатҳои биёбоншавӣ, таъсиси сипарҳои "сабз" ва мутобиқшавӣ ба иқлим нигаронида шуда, бо дастгирии молиявӣ ва техникии байналмилалӣ мутобиқи афзалиятҳои Хазинаи ҷаҳонии экологӣ амалӣ гардад.

Шашум. Форуми сармоягузории Тошканд дар соли 2027 таҳти унвони «Рушди устувор ва сармоягузориҳои сабз» баргузор мешавад ва дар доираи он намоишгоҳи байналмилалии «Eco Expo Central Asia» ташкил мегардад.

Дар форум ҳар як минтақа барои ҷалби сармоягузориҳои "сабз" на камтар аз 100 лоиҳаи ояндадорро ба сармоягузорон пешниҳод хоҳад кард.

Мехоҳам боз як ташаббуси муҳимро эълон намоям. Ӯзбекистон омода аст ба сафи кишварҳои донори Хазинаи ҷаҳонии экологӣ ҳамроҳ шавад. Мо ҳамчун узви Шӯрои Хазина ният дорем ташаббусҳои муштараки минтақавиро амалан дастгирӣ намуда, ҳамкориро боз ҳам густариш диҳем.

Боварии комил дорам, ки Ассамблеяе, ки имрӯз кори худро оғоз менамояд, ба майдони муҳими ташаккули меъмории нави ҳамкориҳои экологӣ дар минтақа табдил хоҳад ёфт.

Ба кори форум муваффақиятҳои бузург, ба ҳамаи шумо дастовардҳои нав, барору комёбӣ, хушбахтии оилавӣ ва фаровонӣ орзу менамоям.

 

Шавкат Мирзиёев

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон