Нахуст вазъи гармхонаҳои шаҳри Тошканд ва минтақаҳои шафати он таҳлил гардид. Соли гузашта комиссияи махсус гармхонаҳоро ба рӯйхат гирифта, барои ба манбаъҳои энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза гузаштани қисми муайяни онҳо кӯмак расонида шуд. Бо вуҷуди ин, дар баъзе хоҷагиҳо ҳанӯз ҳам ангишт истифода мешавад.
Дар моҳҳои тирамоҳу зимистон, бинобар суст шудани шамол ва зуҳури инверсияи ҳароратӣ, моддаҳои ифлоскунанда, ки аз гармхонаҳо партоб мешаванд, мумкин аст дар пойтахт ва атрофи он ҷамъ шаванд.
Аз ин рӯ, пешниҳод гардид, ки дар гармхонаҳои шаҳри Тошканд ва панҷ ноҳияи ҳамшафати он тартиби махсуси экологӣ, ки ба технологияҳои «сабз» асос ёфтааст, ҷорӣ карда шавад. Барои гармидиҳӣ истифодаи гази табиӣ, неруи барқ, энергияи геотермалӣ ва офтобӣ, инчунин гармии дуюмдараҷаи неругоҳҳои барқу гармидиҳӣ иҷозат дода мешавад. Сӯзондани шина, маводи пластикӣ, қир (битум), мазут, равғанҳои истифодашуда ва партовҳо манъ карда мешавад.
Ба гармхонаҳое, ки бо сӯзишвории сахт кор мебаранд, то 1 декабри соли ҷорӣ гузариш ба ин манбаъҳо тавсия дода мешавад. Танҳо ба гармхонаҳое барои истифодаи сӯзишвории сахт иҷозат дода мешавад, ки ба талаботи қатъии техникӣ ҷавобгӯ бошанд. Аз ҷумла, сӯзишворӣ бояд дар ҷойҳои пӯшида нигоҳ дошта шавад, дегхонаҳои автоматиконидашуда ва таҷҳизоти босамари тозакунии чангу газ насб гардида, барои ҷамъоварии бехатари хокистару шлак шароити зарурӣ ва генератори эҳтиётӣ мавҷуд бошад, баландии ҳадди ақали дудбаро низ бояд ба меъёрҳои муқарраршуда мувофиқат кунад.
Аз 15 октябри соли ҷорӣ то 15 марти соли оянда дар гармхонаҳо мониторинги доимии экологӣ гузаронида мешавад. Дар ин раванд фаъолияти таҷҳизоти тозакунии чангу газ, ҳаҷми партобҳои ба ҳаво хориҷшаванда ва риояи талабот нисбат ба навъҳои сӯзишворӣ назорат карда мешаванд. Маълумоте, ки тавассути дастгоҳҳои ченкунӣ ва воситаҳои назорати видеоӣ дастрас мегарданд, дар реҷаи вақти воқеӣ ба низоми иттилоотии Кумитаи экология интиқол меёбанд. Дар мониторинг аз дронҳо истифода намуда, намояндагони назорати ҷамъиятӣ низ иштирок мекунанд.
Дар сурати ошкор шудани насб нагардидани таҷҳизоти тозакунии чангу газ, аз меъёр афзудани партобҳо ё истифодаи сӯзишвории манъшуда, тибқи тартиби муқарраршуда чораҳои дахлдор андешида мешаванд. Дар ҳолатҳои зарурӣ фаъолияти гармхона боздошта мешавад.
Барои ба талаботи нав мутобиқ намудани хоҷагиҳои гармхонагузорӣ чораҳои дастгирии молиявӣ таҳия шудаанд. Пешниҳод гардид, ки барои насби таҷҳизоти экологӣ ва каммасраф ба ҳар гектар то 50 миллион сӯм субсидия ва ба муҳлати ҳафт сол то 3 миллиард сӯм кредити имтиёзнок ҷудо карда шавад. Камтар кардани хароҷоти харид ва насби таҷҳизоти мониторинг низ дар назар аст.
Дар мавриди кумакрасонӣ ба навсозии гармхонаҳои наздиҳавлигӣ низ пешниҳодҳои алоҳида омода гардидаанд.
Бахусус, то соли 2030 ба 50 дарсад кам кардани андозҳои замину молу мулк, озод кардани хоҷагиҳо аз андозе, ки аз гардиш ба даст меояд, инчунин, ҷуброни нисфи хароҷоти неруи барқе, ки системаҳои каммасрафи энергетикӣ истифода мебаранд, пешниҳод гардидааст. Масъалаи ҷудо намудани то 100 миллион сӯм грант барои ҷорӣ кардани манбаъҳои энергияи «сабз» ва таҷҳизоти самарабахш дар хонадонҳои шаҳри Тошканд ва ҳудудҳои шафати он низ баррасӣ гардид.
Барои бунёди гармхонаҳои нави «сабз» то 300 миллион сӯм ва барои аз нав таҷҳизонидани гармхонаи мавҷуда то 150 миллион сӯм пешниҳод намудани кредити имтиёзнок дар назар аст. Дар 50 маҳаллае, ки ба соҳаи гармхонадорӣ ихтисосонида шудаанд, барои оилаҳои эҳтиёҷманд ташкили гармхонаҳои аз ҷиҳати экологӣ бехатар ба нақша гирифта шудааст.
Масъалаи ҷамъоварӣ, тозакунӣ ва истифодаи дубораи обҳои заҳбурӣ ва филтршудаи олуда, ки дар гармхонаҳо ҳосил мешаванд, низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо ин мақсад, роҳандозии фаъолияти оператори махсус ва ташкили инфрасохтори зарурӣ дар ноҳияи Оҳангарон пешниҳод гардид.
Дар муаррифӣ имкониятҳои рушди гармхонагузории муосир дар минтақаҳои дорои иқлими мусоид низ баррасӣ шуданд. Барои минтақаи озоди иқтисодии «Сурхон-Агро», воқеъ дар ноҳияи Шеробод 940 гектар замин ҷудо гардида, нақшаи генералии он таҳия шудааст. Дар ин минтақа бунёд намудани гармхонаҳо ва иншооти агрологистикӣ, аз ҷумла ба ин ҷо кӯчонидани гармхонаҳое, ки дар тавозуни бонкҳо қарор доранд, пешниҳод гардид.
Дар минтақаи озоди иқтисодӣ барои сармоягузорон дар тӯли панҷ сол меъёри сифрии пардохти иҷораи замин татбиқ мешавад, инчунин, барои пардохтҳои вобаста ба партовоб ва обҳои зеризаминӣ имтиёзҳои сесола пешбинӣ гардидаанд. Илова бар ин, бо нархи ибтидоии баробар ба 10 дарсади арзиши меъёрии қитъаҳои замин ба музояда гузоштани онҳо, инчунин, барои лоиҳаҳое, ки арзишашон аз 10 миллион доллар зиёд аст ва соҳибкороне, ки гармхонаҳои худро аз шаҳр ва вилояти Тошканд ба ин минтақа мекӯчонанд, то 1 дарсад муқаррар намудани ин нишондиҳанда пешниҳод гардид.
Инчунин, масъалаи ба муҳлати панҷ сол аз андозҳои замин, молу мулк ва фоида озод намудани иштирокдорони минтақа, инчунин аз боҷи гумрукӣ озод кардани таҷҳизоте, ки барои гармхона ворид мекунанд, баррасӣ гардид.
Дар 400 гектар майдон бунёд намудани гармхонаҳо ва иншооти агрологистикӣ ва ба сармоягузорон ҳамчун лоиҳаҳои омода пешниҳод кардани онҳо ба нақша гирифта шудааст. Вазифа гузошта шуд, ки барои инфрасохтор 220 миллиард сӯм ва барои маблағгузории лоиҳаҳо 200 миллиард сӯм равона карда, соли 2027 100 миллион доллар сармоя ҷалб намоянд.
Ба масъулон супориш шуд, ки харитаи рақамиро таҳия кунанд, то дар он ҷойгиршавии гармхонаҳо, манбаъҳои захираҳои энергетикӣ ва ҳаҷми интиқоли онҳо инъикос ёбад. Инчунин, ҷиҳати тавсеаи имкониятҳои фурӯши маҳсулоти гармхонашо дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ чораҳо таҳия мешаванд.