Роҳбари мамлакатамон дар ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки дар Боку баргузор мешавад, иштирок мекунад.

Рӯзномаи форум, ки таҳти раёсати Озарбойҷон баргузор мегардад, масъалаҳои муҳими таҳкими эътимод, сулҳу амният дар қитъаи Осиё ва такмили минбаъдаи рушди институтсионалии Машваратро дар бар мегирад.

Инчунин, дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ бобати рушди пайвастагии нақлиётӣ, рақамикунонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок баррасӣ хоҳанд шуд.

Иштирокдорон инчунин дар бораи масъалаҳои мубрами дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ низ мубодилаи афкор хоҳанд кард.

Дар анҷоми чорабинӣ қабули Эъломияи Боку ва қабули бастаи қарорҳое, ки ба баланд бардоштани нақш ва самарадории ин созмон нигаронида шудаанд, др назар аст.

Дар доираи ҳамоиш як қатор мулоқотҳои дуҷонибаи Президент Шавкат Мирзиёев бо роҳбарони ҳайатҳои хориҷӣ баргузор хоҳанд шуд.

Бояд гуфт, МҲТБО форуми байналмилалие мебошад, ки ба таҳкими ҳамкорӣ, таъмини сулҳу амният ва субот дар Осиё нигаронида шудааст. Алҳол Шӯро 28 давлатро, ки қариб 90 дарсади ҳудуд ва аҳолии қитъаро ташкил медиҳанд, муттаҳид кардааст.