Дар мулоқот дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо САҲА ва Ассамблеяи парлумонии он, аз ҷумла таҳкими муколамаи байнипарлумонӣ, баррасӣ гардид.

Бо қаноатмандӣ аз тамоюли мусбати ҳамкорӣ бо ин ниҳоди бонуфуз ёдоварӣ шуд. Ҳайати доимии Ӯзбекистон дар Ассамблеяи парлумонии САҲА фаъолият мекунад ва намояндагони он мунтазам дар назорати интихобот дар кишвари мо иштирок менамоянд.

Дар соҳаҳои экология, муҳоҷират ва нақлиёт муколамаи созанда ба роҳ монда шудааст. Намояндаи Ӯзбекистон узви Кумитаи махсуси Ассамблея оид ба муҳоҷират мебошад.

Ҳамчунин оид ба масъалаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла амиқтар намудани ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ табодули афкор ба амал омад.

Бо мақсади густариши ҳамкориҳои амалӣ дар бораи қабули «харитаи роҳ»-и муштарак, ки самтҳои нави афзалиятноки ҳамкориро муайян мекунад, мувофиқа ҳосил гардид.