Маросими қадршиносии ғолибон дар технопарки «Inno»-и шаҳри Тошканд баргузор гардид. Дар он муовини якуми Сарвазир — вазири маориф ва илм Эркинҷон Турдимов, вазири технологияҳои рақамӣ Шерзод Шерматов, директори Агентии кор бо ҷавонон Алишер Саъдуллоев ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.
Мутобиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи мукофотонидани ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба робототехника ва мураббиёни онҳо» ба ғолибон медалҳо ва ҷоизаҳои пулӣ дар вазъияти тантанавӣ супурда шуданд.
Мукофотпулӣ ба таври зайл тақсим гардид:
Ба аъзои даста — дар маҷмӯъ 2 500 нишондиҳандаи ҳисобӣ, ёки 1,1 миллиард сӯм;
Ба мураббиён — дар маҷмӯъ 485 нишондиҳандаи ҳисобӣ, ёки 200 миллион сӯм.
Ҳамин тариқ, маблағи умумии мукофотпулии ба аъзои даста ва мураббиёни онҳо ҷудошуда 1,3 миллиард сӯмро ташкил дод.