Дар ҷараёни сафари худ ба вилояти Хоразм сарвари давлат барои ба минтақаи аз камбизоатӣ ва бекорӣ озод табдил додани вилоят як қатор супоришҳо дод.

Дар рафти муаррифӣ нақшаҳои оид ба иҷрои ин супоришҳо дар қисмати ҳар як маҳалла таҳияшуда, инчунин ба лоиҳаҳои мушаххас ва ҷойҳои кории устувор табдил додани имкониятҳои мавҷуда баррасӣ шуданд.

Дар давраи сипаришудаи соли ҷорӣ дар вилоят даромади 162 ҳазор нафар зиёд карда шуда, 29 ҳазор шаҳрванд бо кори доимӣ таъмин ва шуғли ғайрирасмии 37 ҳазор шаҳрванд қонунӣ гардонида шудааст.

Дар доираи дастгирии оилаҳои камбизоат ба 126,6 ҳазор ҳамватан аз 28,9 ҳазор оила беш аз 40 ҳазор хизматрасонӣ пешниҳод гардид. Аз ҷумла, 12,4 ҳазор нафар бо кори доимӣ таъмин, 23,6 ҳазор нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб, 3,3 ҳазор нафар кӯмаки молиявӣ гирифта ва 1,1 ҳазор нафар омӯзиши касбӣ гузаштанд.

Дар натиҷа, аз аввали сол даромади расмӣ ва вазъи моддии 127 ҳазор нафар аз 29 ҳазор оилае, ки ба «Феҳристи иҷтимоӣ» дохил буданд, беҳтар гардид. Ин оилаҳо аз ҳолати камбизоатӣ бароварда шуданд. Сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 6,7 фоизи аввали сол то 3,9 фоиз коҳиш ёфт.

Айни замон дар вилоят 39 ҳазор шаҳрванди бекор зиндагӣ мекунанд ва боз 102 ҳазор нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.

Қайд гардид, ки яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи шуғл номувофиқии ҷойҳои кории мавҷуда бо сатҳи омодагии касбии довталабон мебошад. Гарчанде ҳоло беш аз 50 ҳазор ҷойи кории холӣ мавҷуд аст, як қисми онҳо бинобар норасоии кадрҳои дорои тахассуси зарурӣ холӣ мемонанд.

Сарвари давлат таъкид кард, ки низоми омӯзиши касбӣ бояд бознигарӣ шуда, бо талаботи бозори меҳнат зич алоқаманд карда шавад.

Дар назарсанҷиҳои гузаронидашуда 63 фоизи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ изҳор доштанд, ки дар ҷараёни таҳсил малакаҳои кофии амалӣ ба даст намеоранд. Дар робита ба ин вазифа гузошта шуд, ки омодагии амалии хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус ва касбӣ тақвият дода шуда, имкониятҳои мавҷудаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои омӯзиши васеи касбҳо истифода шаванд.

Ҳамчунин зарурати дар донишгоҳҳо ташкил намудани машғулиятҳо дар нимаи дуюми рӯз, ки ба рушди малакаҳои касбӣ ва амалии донишҷӯён равона шудаанд, таъкид гардид.

Муҳимияти ба таври нав ташкил кардани корҳои коҳиши камбизоатӣ, тағйир додани муносибати мардум ба меҳнат ва соҳибкорӣ, инчунин ҳавасманд намудани фаъолият ва ташаббускории онҳо таъкид шуд.

Дар маҷмӯъ барои чораҳои вобаста ба коҳиши камбизоатӣ ва таъмини шуғл 6,4 триллион сӯм равона шудааст. Аз ҳисоби захираҳои бонкҳои тиҷоратӣ ба маблағи 2,1 триллион сӯм барои лоиҳаҳо дар маҳаллаҳо 1,5 триллион сӯм қарз ҷудо карда шуд. Ҳамин тариқ, тамоми маҳаллаҳои вилоят бо захираҳои молиявӣ фаро гирифта шуданд.

Президенти кишвар таъкид кард, ки саҳми амалии бонкҳо дар коҳиши бекорӣ ва камбизоатӣ бояд дар натиҷаҳои маҳаллаҳо бадастомада зоҳир гардад. Қайд шуд, ки бонкҳо бояд ба «корхонаҳои истеҳсоли лоиҳаҳо» табдил ёфта, имкониятҳо ва ташаббусҳои маҳаллиро ба лоиҳаҳои мушаххаси соҳибкорӣ табдил диҳанд.

Ҳамчунин ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти «ҳафтгонаи маҳалла» ва бонкдорони маҳалла, инчунин баҳодиҳии фаъолияти онҳо бар асоси нишондиҳандаҳои мушаххаси натиҷавӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Супориш дода шуд, ки механизмҳои нави муайян намудани вазифаҳо, усулҳои кор ва доираи масъулияти онҳо дар самти коҳиши камбизоатӣ таҳия карда шаванд.

Дар ҷараёни муаррифӣ нақшаҳо оид ба то охири сол аз камбизоатӣ баровардани 81 ҳазор нафар аз 18 ҳазор оилаи камбизоат ва бо кори доимӣ таъмин намудани 39 ҳазор шаҳрванди бекор эълон шуданд.

— Ин танҳо рақамҳо нестанд. Мо бояд нисбат ба ҳар як шахс муносибати инфиродӣ дошта бошем, имкониятҳои ӯро хуб донем ва бар асоси ин барои ӯ кори муносиб пайдо кунем, — гуфт Президент.

Барои ин лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, хизматрасонӣ, сайёҳӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва сохтмон истифода хоҳанд шуд. Дар марказҳои хурди саноатӣ 250 корхонаи нав таъсис дода шуда, лоиҳаҳо бо иштироки бонкдорони маҳалла васеъ карда мешаванд. Ҳамчунин барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва қонунӣ гардонидани фаъолияти соҳибкорӣ чораҳо андешида мешаванд.

Дар соҳаҳои паррандапарварӣ, чорводорӣ, моҳипарварӣ, истеҳсоли мебел, хоҷагиҳои гармхонагӣ ва растанипарварӣ 36 кооператив таъсис дода мешавад. Ба онҳо 15,8 ҳазор оилаи камбизоат аз 201 маҳалла ҷалб карда хоҳанд шуд.

Ғайр аз ин, дар 12 маҳаллаи такягоҳӣ ва 38 маҳаллаи ҳамшафат 70 лоиҳаи «локомотивӣ» амалӣ карда мешавад, ки дар натиҷаи он 1,1 ҳазор ҷойи корӣ таъсис хоҳад ёфт. Барои лоиҳаҳои соҳибкорӣ 650 миллиард сӯм ҷудо шуда, бо ин маблағ 2,5 ҳазор микролоиҳа амалӣ карда мешавад.

Нақшаи рушди маҳаллаи Шиҳбоги ноҳияи Янгиариқ ҳамчун маҳаллаи такягоҳӣ низ баррасӣ гардид. Дар баробари он маҳаллаҳои Кармиш, Шеробод ва Каттабог низ фаро гирифта мешаванд. Дар ин маҳаллаҳо 18,2 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд ва 319 субъекти соҳибкорӣ фаъолият дорад.

Дар маҳаллаи такягоҳӣ ва маҳаллаҳои атрофи он таъсиси минтақаи саноатӣ, маркази саноатии хурд, бозори муосир ва иншооти хизматрасонӣ, бунёди боғи интенсивӣ, ба роҳ мондани комплексҳои чорводорӣ ва паррандапарварӣ пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, роҳҳои дохилӣ, роҳравҳои пиёдагард ва инфрасохтори таъминоти барқ ва об беҳтар карда мешаванд.

Бо иштироки ташкилотҳои машваратии хориҷӣ нақшаи генералии рушди ин ҳудуд таҳия гардида, сатҳи тахассусии лоиҳакашони маҳаллӣ баланд бардошта мешавад.

Дар натиҷаи ин чораҳо нақша аст, ки 1,5 ҳазор ҷойи кори устувор таъсис дода шуда, даромади аҳолӣ 20–30 фоиз зиёд карда шавад ва ин ҳудуд аз камбизоатӣ ва бекорӣ озод гардад.

Сарвари давлат зарурати пурра бознигарӣ намудани механизмҳо ва методологияи амалкунандаи кор бо қишрҳои ниёзманди аҳолиро таъкид кард.

Қарор аст пешниҳодҳо оиди ба марҳилаи нав баровардани сиёсати мубориза бо камбизоатӣ дар кишвар таҳия шуда, онҳо дар як ҷаласаи алоҳидаи видеоселекторӣ баррасӣ карда шаванд.