Дар фурудгоҳи пойтахти Қазоқистон роҳбари давлати моро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Пагоҳ, 6 ноябр, Президенти кишвари мо дар мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи «Раванди Ақаба» иштирок мекунад. Дар ин нишаст масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ, пешгирии истифодаи он бо ҳадафҳои террористӣ ва экстремистӣ, инчунин таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти вокуниш ба чолишҳои нави технологӣ ва таҳдидҳои марбут ба онҳо баррасӣ хоҳанд шуд.