Президент Шавкат Мирзиёев бо муаррифии дурнамои рушди энергетикаи барқӣ ва такмили механизмҳои идоракунии лоиҳаҳо дар соҳаи сӯзишворию энергетика шинос шуд.
Низоми энергетикӣ яке аз омилҳои муҳими таъмини рушди иқтисодӣ,
фаъолнокии сармоягузорӣ ва некӯаҳволии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.
Солҳои охир бо ҷалби васеи бахши хусусӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, ҷиҳати бунёди
иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва
навсозии шабакаҳои барқӣ лоиҳаҳои бузург амалӣ шуданд. Дар натиҷаи ислоҳоти ин самт
иқтидори умумии неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ аз 6,3 гигаватт афзуд. Шумораи неругоҳҳои
барқи обӣ ба беш аз 100 адад расида, иқтидори умумии онҳо ба 2,5 гигаватт наздик
шуд. Аз ҳисоби тавсеаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ҳамасола миқдори
зиёди гази табиӣ сарфа мешавад.
То соли 2030 ба 300 миллиард доллар расонидани ҳаҷми
иқтисодиёти кишвар чун ҳадаф муқаррар гардидааст, шумораи аҳолӣ аз 41 миллион
нафар зиёд хоҳад шуд. Танҳо дар
соҳаи саноат то соли 2030 афзудани истеъмоли неруи барқ аз 38 миллиард
киловатт-соат то 53,5 миллиард киловатт-соат пешбинӣ мешавад. Рушди
автомобилҳои барқӣ ва марказҳои коркарди маълумот низ ба сохтор сарбории
иловагӣ меорад.
Аз ин рӯ, зарурати пеш аз афзоиши талабот инкишоф додани
иқтидорҳои генератсия, баланд бардоштани қобилияти интиқолии шабакаҳои барқӣ ва
ташаккули иқтидорҳои кофии захиравӣ таъкид гардид.
Тибқи нақша, то соли 2030 иқтидорҳои тавлиди неруи барқи
мамлакат ба 46,1 гигаватт расонида шуда, имкони истеҳсоли қариб 129 миллиард
киловатт-соат неруи барқ дар як сол фароҳам мегардад. То соли 2035 бошад, ба 57,2 гигаватт
расонидани иқтидорҳо ва ба 154,7 миллиард киловатт-соат бароврдани ҳаҷми истеҳсоли
солонаи неруи барқ дар назар аст.
Дар тақдимот сенарияҳои гуногуни афзоиши истеъмоли неруи барқ низ баррасӣ
гардиданд.
Мувофиқи ҳисобҳо,
дар сурати афзоиши мӯътадили истеъмол то соли 2030 байни генератсия ва талабот
тавозуни кофӣ нигоҳ дошта мешавад. Аммо дар сурати босуръат рушд кардани
иқтисодиёт, саноат, нақлиёти барқӣ ва инфрасохтори рақамӣ, ба иқтидорҳои
иловагии тавлиди неруи барқ ниёз пайдо хоҳад шуд.
Роҳбари давлат таъкид намуд, ки нақшаҳои соҳаи энергетика
бояд бо назардошти суръати баланди рушди иқтисодиёт таҳия гардида, дар сохтор
ҳамеша иқтидори захиравии кофӣ мавҷуд бошад.
Бо назардошти ин, пешниҳодҳо оид ба бунёди неругоҳҳои
иловагии барқии бодӣ ва низомҳои захиракунии энергия, инчунин тезонидани
татбиқи лоиҳаҳои энергетикаи офтобӣ ва бодӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамзамон, бознигарии баъзе лоиҳаҳое, ки самарадории иқтисодиашон паст буда,
манбаи маблағгузориашон муайян нест ва муддати тӯлонӣ ба таъхир афтодаанд,
муҳим арзёбӣ гардид. Маҳакҳои асосӣ ҳангоми интихоби иқтидорҳои нави тавлидӣ
бояд на танҳо иқтидори онҳо, балки қимати аслии электроэнергияи тавлидшаванда,
имконоти пайвастан ба шабака, ҳамоҳангӣ бо низомҳои нигоҳ доштани нерӯ ва
таъсир ба таносуби умумии энергия бояд гарданд.
Бо афзоиши ҳиссаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия аҳамияти низомҳои
захиракунии энергия низ бештар мегардад.
Чунин низомҳо неруи барқеро, ки дар давоми рӯз неругоҳҳои
офтобӣ ва бодӣ истеҳсол кардаанд, захира намуда, онро шомгоҳ, дар соатҳои
сарбории зиёди истеъмол интиқол медиҳанд. Ин зарурати сӯхтани гази иловагиро дар неругоҳҳои анъанавии барқӣ коҳиш
дода, устувории тамоми низоми энергетикиро баланд мебардорад.
Ҳоло дар самти низомҳои захиракунии энергия 26 лоиҳа бо
иқтидори умумии 4,2 гигаватт ташаккул дода шудааст. Аз ин теъдод 17 лоиҳа дар
марҳилаи татбиқ қарор доранд. То соли 2030 дар ин самт ташаккул додани лоиҳаҳои
нави иловагӣ пешниҳод гардид.
Президенти мамлакат баробари зиёд намудани иқтидорҳои
тавлиди неруи барқ, зарурати пешакӣ бунёд кардани шабакаҳои магистралӣ ва
зеристгоҳҳое, ки онро ба истеъмолкунандагон интиқол медиҳанд, низ ба миён
гузошт.
То соли 2030 сохтмони 9 зеристгоҳи нави 220-киловолта ва 7-то 500-киловолта,
инчунин бунёди шабакаҳои нави интиқоли барқ ба масофаи қариб 5 ҳазор километр
ба нақша гирифта шудааст. Ин барои ба низоми энергетикӣ пайваст намудани
неругоҳҳои нави барқӣ, тавсеаи мубодилаи иқтидор байни минтақаҳо имкон медиҳад.
Аз он ҷумла, солҳои 2027-2029 пешбинӣ гаштааст, ки чандин
хати ноқили барқи стратегии 500 киловолт ва зеристгоҳҳои нав ба баҳрабардорӣ
супурда шавад. Зимни тақдимот ҷараёни сохтмони онҳо, масъалаҳои таъмини молиявӣ
ва чорабиниҳо оид ба бартараф намудани иллатҳои ақибмонӣ алоҳида баррасӣ
гардиданд.
Инчунин масъалаи ба вуҷуд овардани зерсохтори нав барои
иқтисодиёти рақамӣ бо истифода аз зарфияти баланд барои рушди манбаъҳои
барқароршавандаи энергия дар Қароқалпоқистон муҳокима гардид.
Пешниҳод гардид, ки нерӯгоҳҳои истиқболноки шамолии минтақа бо дата-марказҳои
иқтидорашон як гигаватт пайваст карда шуда, ҳамзамон барои ин зеристгоҳи нав ва
хатҳои ноқили электрикии шиддаташ 220 киловолт сохта шавад. Зерсохтори мазкур
имкон медиҳад, ки дата-марказҳои нав ба энергосистема гаравида, сармояҳои
баландтехнологӣ ҷалб гардида, зарфияти мавҷудаи энергетикии минтақа босамар
истифода гардад.
Дар ҷараёни тақдимот ба пешниҳодот оид ба куллан тағйир додани низоми ташаккул
ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба соҳа эътибори алоҳида нигаронида шуд.
Дар амал дар бисёр ҳолатҳо лоиҳа аз ташаббуси сармоягузор
сар мешавад. Масъалаҳои ҷудо намудани қитъаи замин, пайвастан ба шабака,
шароити техникӣ, тарифҳо ва муоҳидаҳои сармоягузорӣ алоҳида бо идораҳои
мухталиф ҳамоҳанг карда мешавад. Дар натиҷа ҷараёнҳо кашол меёбанд, вазифаҳои
идораҳо такрор мегарданд ва ҳамчунин эҳтиёҷ ба энергосистема дар баъзе лоиҳаҳо
ба андозаи бояду шояд ба ҳисоб гирифта намешавад.
Бинобар ин
пешниҳод шуд, ки усули нави идора ҷорӣ гардад.
Аз ин пас лоиҳаҳои энергетикӣ пеш аз ҳама бинобар эҳтиёҷи истиқболноки
иқтисодиёт, аҳолӣ ва минтақаҳо ташаккул хоҳад ёфт. Аввал эҳтиёҷ муайян карда
шуда, пас аз он иқтидорҳои ногузири тавлидӣ ва объектҳои зерсохтор ба нақша
гирифта мешавад. Лоиҳа бо қитъаҳои замини қаблан муайянгардида, нуқтаи
пайвастан ба шабака ва қарорҳои техникӣ ташаккул дода шуда, сармоягузор бошад,
дар асоси интихоби шаффоф ва рақобатӣ муайян карда мешавад.
Инчунин вазифаҳо ва минтақаҳои масъулияти ҳар як идора
дақиқ муайян карда мешавад. Вазорати иқтисодиёт ва молия пешгӯйии масрафро
ташаккул медиҳад, Вазорати энергетика барои ба нақшагирии стратегӣ ва сиёсати
техникӣ, Агентӣ оид ба рушд ва танзими бозори энергетика ба танзими муносибати
бозорӣ ва тариф ҷавобгӯ хоҳанд буд. Идораҳои масъули соҳаи сармоягузорӣ
сармоягузоронро дар асоси озмуни шаффоф ҷалб менамояд, мақомоти маҳаллии
ҳокимият масъалаҳои марбут ба қитъаҳои замин ва зерсохтори ногузирро ҳал
менамоянд.
Инчунин ташаккул додани пешгӯии дақиқи эҳтиёҷ ба захираи
энергия дар қисмати минтақаҳо ва соҳаҳо пешниҳод гардид ва дар асоси он
нақшаҳои сармоягузории сесолаи солона таҷдидгарданда таклиф гардид. Ин имкон
медиҳад, ки рушди иқтидорҳои тавлидӣ, шабакаҳои электрикӣ ва инфрасохтори
ногузир қаблан ва бо ҳамоҳангсозӣ ба нақша гирифта шавад.
Дар истиқболи дарозмуддат таҳия намудани консепсияи таъмини захираҳои
сӯзишвориву энергетикӣ то соли 2050 пешбинӣ мегардад. Дар он ба тариқи маҷмӯӣ
зарфияти захираи миллӣ, рушди демографӣ ва иқтисодӣ, баланд рафтани самаранокии
энергетикӣ, рушди энергетикаи барқароршаванда ва атомӣ ва ҳамчунин масъалаҳои
таъмини амнияти энергетикӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Пешниҳод мегардад, ки консепсия дар ҳар панҷ
сол таҷдиди назар гардад.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки ҳар як лоиҳаи нав дар
энергетика ба эҳтиёҷоти дурнамои иқтисодиёт ва аҳолӣ ҷавобгӯ бошад, таносуби
доимии байни истеҳсолот, сарборӣ ба шабака ва эҳтиёҷотро таъмин намудан ногузир
аст.
Ба шахсони масъул супоришҳо оид ба таъмири саривақтии роҳандозии лоиҳаҳои
калони татбиқшаванда, андешидани чорабиниҳои дақиқ якҷоя бо сармоягузорон дар
заминаи лоиҳаҳои муҳлати татбиқашон кашолёфта, рушди мутаносиби иқтидорҳои
тавлидӣ ва шабакаҳои электрикӣ, вусъат додани низоми нигаҳ доштани энергия ва
ҳамчунин дар соҳа татбиқ намудани модели нави банақшагирӣ ва идора супоришҳо
дода шуд.