Тавре хабар дода мешавад, директор ҳангоми гирифтани 600 доллари ИМА аз шаҳрванд Г.Ш. барои ба ин мактаб ба ҳайси омӯзгори забони англисӣ ба кор қабул кардани ӯ, бо далелҳои шайъӣ дастгир шудааст.
Аз рӯи ин ҳолат тибқи моддаи 210 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Айни ҳол амалҳои тафтишотӣ идома доранд.