Ба рӯзномаи ҷаласа, ки таҳти мавзӯи «Зеҳни сунъӣ ва рушди рақамӣ» баргузор мешавад, масъалаҳои амиқсозии минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсия ва экология ворид шудаанд.
Роҳбарон ба рушди инфрасохтори рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва истифодаи амалии зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи махсус хоҳанд дод.