Дар кишвари мо ба рушди таҳсилоти олӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ, густариши ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои пешрафтаи хориҷӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос аз рӯи самтҳои муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Дар доираи лоиҳае, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияҳо, Донишгоҳи давлатии Урганҷ ба номи Абӯрайҳони Берунӣ ва Донишгоҳи педагогии Ляонини Чин амалӣ гардидааст, маҷмааи нави таълимӣ сохта шуд. Барои сохтмон ва таҷҳизонидани он аз буҷети давлатӣ 140 миллиард сӯм ҷудо гардидааст. Дар ин ҷо 120 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.
Дар маҷмаа биноҳои таълимӣ барои 560 нафар, китобхона, толори варзишӣ, қасри фарҳанг барои 200 нафар ва ошхона барои 118 нафар мавҷуданд. Дар бинои дуюми чорқабата аудиторияҳои таълимӣ барои 628 нафар ва хобгоҳи донишҷӯён барои 224 нафар ҷойгир шудаанд.
Барои соли 2026 квотаи қабул 160 нафар муайян шудааст. Дар оянда ба нақша гирифта шудааст, ки қабули солона то 500 нафар ва шумораи умумии донишҷӯён то 2 ҳазор нафар расонида шавад.
Таҳсил дар шаклҳои рӯзона ва фосилавӣ бо забонҳои ӯзбекӣ, чинӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад. Дар зинаи бакалавр аз рӯи самтҳои «Таҳсилоти байналмилалӣ бо забони чинӣ», «Идоракунии сайёҳӣ», «Бизнеси байналмилалӣ» ва «Зеҳни сунъӣ» мутахассисон омода карда мешаванд.
Дар зинаи магистратура бошад, аз рӯи самтҳои «Методикаи таълими забон ва фарҳанги чинӣ», «Идоракунии маориф», инчунин «Зеҳни сунъӣ ва технологияҳои таълимӣ» кадрҳо тайёр карда мешаванд.
Дипломи филиал дар Ӯзбекистон бевосита эътироф карда мешавад. Ба хатмкунандагони боистеъдод имконият дода мешавад, ки таҳсили худро дар асоси грант дар донишгоҳҳои пешрафта идома диҳанд ва дар ташкилотҳои бонуфузи Чин таҷрибаомӯзӣ гузаранд.
Айни замон дар вилояти Хоразм бо иштироки сармоягузорони чинӣ 38 лоиҳаи бузург бо арзиши умумии 2 миллиарду 343 миллион доллар амалӣ шуда истодааст. Дар ин лоиҳаҳо ба мутахассисони баландихтисосе, ки технологияҳои муосир ва забони чиниро хуб медонанд, талаботи зиёд вуҷуд дорад. Муассисаи нави таълимӣ ва Институти Конфутсий ба омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба ин талабот мусоидат хоҳанд кард.
Президенти кишвар аҳамияти мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ба талаботи иқтисодиёт ва бозори меҳнат, инчунин фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои он ки донишҷӯён технологияҳои муосир ва забонҳои хориҷиро ба таври мукаммал аз худ кунанд, таъкид намуд.
Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат платформаи ягонаи миллии сайёҳӣ, инчунин имкониятҳо ва имтиёзҳои наве, ки барои соҳибкорони соҳаи сайёҳӣ фароҳам оварда мешаванд, муаррифӣ гардиданд.