Дар мулоқот бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ӯзбекистон бо Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар мақоми кишвари нозир пайваста густариш меёбанд.
Ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва сармоягузорӣ бо кишварҳои узви ИИАО устуворона афзоиш ёфта, робитаҳои логистикӣ тақвият меёбанд.
Кишвари мо дар барномаҳои муҳими соҳавии иттиҳод, аз ҷумла рақамикунонии савдо ва ҳамлу нақли бор, рушди тиҷорати электронӣ ва масъалаҳои марбут ба иқлим фаъолона иштирок мекунад.
То имрӯз бо Комиссияи иқтисодии Авруосиё чор ҷаласаи гурӯҳи кории муштарак баргузор гардидааст. Ҳамчунин, «харитаи роҳ» оид ба наздиксозии низомҳои танзими техникӣ тасдиқ шудааст.
Ӯзбекистон узви комилҳуқуқи Бонки рушди Авруосиё гардид ва бо ин ниҳод маҷмӯи лоиҳаҳои ҳамкорӣ ташаккул дода шудааст.
Дар ҷараёни мулоқот дар бораи то охири сол баргузор намудани ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ мувофиқа ҳосил гардид. Муҳимияти қабули Нақшаи нави ҳамкорӣ таъкид шуд, ки ба коҳиш додани монеаҳои тиҷоратӣ, амиқтар намудани ҳамкориҳо ва рақамикунонии расмиёти гумрукию нақлиётӣ равона мегардад.