Масъалаҳои минбаъд амиқтар намудани муносибатҳои шарикии стратегии ҳамаҷониба ва ҳамафаслии байни Ӯзбекистон ва Чин, инчунин таҳкими робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ шуданд.

Саҳми бузурги марказ дар таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишвари мо бо Чин таъкид гардид. Бо иштироки муштарак як қатор лоиҳаҳо дар соҳаҳои рушди инфрасохтор, сармоягузорӣ ва саноати «сабз» амалӣ карда шудаанд.

Ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти ширкати «JDB Group» дар Ӯзбекистон рушди инфрасохтори муосири шаҳрӣ, нақлиётӣ ва саноатӣ, инчунин соҳаи геология муайян гардиданд.

Дар натиҷаи мулоқот оид ба суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳои ҷорӣ ва нав бо иштироки ин ширкат тавофуқ ҳосил шуд.