Бино ба иттилои дипломатҳо, айни замон дар ин меҳмонхонаҳо зиёда аз 170 шаҳрванди Ӯзбекистон қарор доранд, ки интизори бозгашт ба Ватан мебошанд.

Зоирон гуфтанд, ки онҳо барои адои умра дар доираи як сафари 14-рӯза ба Арабистони Саудӣ омадаанд. Аммо бо сабаби маълумоти бардурӯғ ва иштибоҳҳои ташкилкунандагон то ҳол натавонистаанд ба хона баргарданд.

Ҳангоми суҳбат шаҳрвандон таъкид карданд, ки қисми зиёди гурӯҳро одамони синнашон калон ташкил медиҳанд. Дар байни онҳо шахсоне низ ҳастанд, ки бемориҳои музмин доранд, аз ҷумла мушкилоти дил, диабети қанд ва фишори баланди хун, ки ниёз ба истеъмоли мунтазами дору доранд. Зоирон аз ҳукумати Ӯзбекистон барои кумаки амалӣ дархост намуданд.

Намояндагони консулгарӣ қайд карданд, ки дар солҳои охир як қатор ширкатҳои туристӣ ва шахсони алоҳида бидуни иҷозатнома сафарҳои умраро ташкил мекунанд, ки ин боиси чунин ҳолатҳои душвор барои шаҳрвандон дар шаҳрҳои Мадина ва Ҷидда мегардад.

Таъкид шуд, ки танҳо 14 ширкати туристӣ дорои иҷозатномаи расмӣ барои ташкили умра мебошанд, ки онро Кумитаи корҳои динии Ӯзбекистон медиҳад. Бо вуҷуди он ки маълумоти расмӣ мунтазам дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад, бархе шаҳрвандон ба таблиғоти ғайриқонунӣ бовар мекунанд.

Консулгарӣ хабар дод, ки муроҷиатҳои зоироне, ки тавассути барномаҳои ғайрирасмӣ сафар кардаанд, тибқи тартиби муқарраргардида ба мақомоти дахлдор ирсол мегардад. Ҳамзамон, ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки агар имкон бошад, мустақилона чиптаҳои ҳавопаймо харидорӣ намоянд, то сари вақт ба Ӯзбекистон баргашта, аз бадтар шудани вазъ пешгирӣ кунанд.

Ҳамчунин ба онҳо фаҳмонда шуд, ки пас аз бозгашт метавонанд вобаста ба амалҳои ғайриқонунии ташкилкунандагон ба мақомоти салоҳиятдор муроҷиат намоянд.

Дар ҳоли ҳозир вазъият зери назорати доимии Консулгарии генералӣ қарор дошта, барои ҳалли мушкилот ва таъмини бозгашти бехатари шаҳрвандон ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.