Роҳбари Ӯзбекистон дар Саммити сарони Иҷлосияи 13-уми Форуми ҷаҳонии шаҳрсозӣ, ки таҳти сарпарастии Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маҳалҳои аҳолинишин баргузор мегардад, иштирок ва суханронӣ хоҳад кард.

Форум ба масъалаҳои рушди устувори шаҳрҳо, таъмини манзили дастрас, баланд бардоштани сифати муҳити шаҳрӣ, суботи иқлим ва такмили механизмҳои маблағгузории манзил бахшида шудааст.

Дар доираи сафар баргузории як қатор мулоқоту музокирот бо роҳбарони ҳайатҳои хориҷӣ низ дар назар аст.