Сарвари давлати мо махсус таъкид намуд, ки сафари давлатии имрӯзаи Президенти Тоҷикистон як рӯйдоди таърихӣ ва қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми мутақобила байни ду кишвар мебошад.

— Имрӯз мо ҷаласаи аввалини Шӯрои олии байнидавлатиро оғоз мекунем. Бешубҳа, ин формат ҳамкории дуҷонибаро ба сатҳи сифатан нав мебарорад ва ба муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон мазмуни амалӣ ва ташаббусҳои нав медиҳад, — изҳор дошт Шавкат Мирзиёев.

Бо қаноатмандӣ қайд гардид, ки тамосҳои фаъол ва наздик дар сатҳи ҳукуматҳо, парлумонҳо ва идораҳо идома доранд.

Дар доираи омодагӣ ба сафар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ, намоишгоҳи саноатӣ, форумҳои минтақаҳо, ректорон, олимон, ҷавонон ва марказҳои таҳлилӣ бомуваффақият баргузор гардиданд. Инчунин дар ин рӯзҳо дар кишвари мо Рӯзҳои фарҳанг ва кинои Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Дар ҷараёни ҷаласа ҷонибҳо самтҳои нави ҳамкориро баррасӣ намуда, имкониятҳои мавҷударо таҳлил карданд ва як қатор қарорҳои муҳим қабул намуданд, ки ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд такони ҷиддӣ медиҳанд.

Ба чораҳо оид ба афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила, ҳавасмандгардонии рушди кооператсияи саноатӣ, таҳкими алоқаҳои нақлиётӣ ва амнияти обу энергетикӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта гардиши савдо асосан аз ҳисоби мубодилаи маҳсулоти тайёр қариб ба 1 миллиард доллар расидааст.

Лоиҳаҳои зиёди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, сохтмон, кишоварзӣ, нассоҷӣ, электротехника, фармасевтика ва дигар бахшҳо бомуваффақият амалӣ мешаванд.

Имрӯз пойтахтҳои ду кишвар тавассути хатсайрҳои ҳавоӣ, автобусӣ ва роҳи оҳан ба ҳам пайваст шудаанд. Ҳаҷми боркашонӣ низ босуръат афзоиш меёбад.

Имконияти расонидани ҳаҷми савдои мутақобила то 2 миллиард доллар то соли 2030 баррасӣ гардид.

Барои ин, мувофиқа ҳосил шуд, ки маркази савдои сарҳадии «Ойбек – Фотеҳобод» таъсис дода шавад, системаҳои рақамии сертификатсия ва мубодилаи иҷозатномаҳо «E-Permit» ҷорӣ карда шаванд ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ навсозӣ гарданд.

Илова бар ин, барномаи махсуси кооператсияи саноатӣ қабул мегардад, ки лоиҳаҳоро дар соҳаҳои маъдани кӯҳӣ, энергетика, кишоварзӣ, электротехника, саноати сабук, сохтмон ва дигар бахшҳо дар бар мегирад.

Аҳамияти васеъ намудани пойгоҳи сармояи ширкати муштараки сармоягузорӣ барои дастгирии лоиҳаҳои ояндадор таъкид шуд. Ҳамчунин имрӯз дар қаламрави ду кишвар лоиҳаҳои нави муштарак оғоз ёфтанд.

Самтҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, захираҳои об, нақлиёт ва дигар бахшҳо ба таври муфассал баррасӣ гардиданд.

Роҳбарон мувофиқа карданд, ки ба робитаҳои байни минтақаҳо такони иловагӣ бахшида, мубодилаи гуманитарӣ, таълимӣ ва илмиро густариш диҳанд.

Бо назардошти мавҷудияти диаспораҳои бузург, пешниҳод гардид, ки нақшаи панҷсолаи таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ қабул карда шавад.

Сарони давлатҳо инчунин оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва сиёсати байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Аҳамияти идомаи муколамаи наздик ва дастгирии мутақобила дар доираи созмонҳои бисёрҷониба ва форматҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ таъкид гардид. Ҳамчунин дар бораи фаъол гардондани ҳамкорӣ дар соҳаи амният ба мувофиқа ҳосил шуд.

Дар ҷаласа гузоришҳои ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ — сарвазирони ду кишвар оид ба самтҳои асосии ҳамкорӣ шунида шуданд.

Аз рӯи натиҷаҳо қарор қабул гардид, ки «харитаи роҳ»-и маҷмӯӣ барои татбиқи пурраи созишномаҳои бадастомада қабул карда шавад.