Пас аз суҳбати самимӣ, ҳамсарони сарони давлатҳо аз Маркази байналмилалии фарогир (инклюзивӣ), ки назди Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ фаъолият мекунад, боздид намуданд.

Ба меҳмони олимақом фаъолияти марказ муаррифӣ гардид, ки ба рушди таҳсилоти касбии фарогир, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълимӣ ва дастгирии ҷавонон, аз ҷумла шахсони дорои маъюбият, дар омӯзиши касбу малакаҳои замонавӣ равона шудааст.

Дар ҷараёни боздид Бонуҳои аввал бо устохонаҳои таълимӣ ва лоиҳаҳои марказ шинос шуда, инчунин бо донишҷӯён ва шунавандагон суҳбат карданд.

Элке Бюденбендер ба корҳои амалие, ки дар Ӯзбекистон барои ташаккули ҷомеаи фарогир, рушди таҳсилоти касбӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои ҷавонон анҷом дода мешаванд, баҳои баланд дод.