Дар кишвари мо ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамгироии намудҳои гуногуни нақлиёт ва ташкили низоми қулайи алоқаи нақлиётӣ барои аҳолӣ ва сайёҳон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Лоиҳаи мазкур, ки дар вилояти Хоразм амалӣ шудааст, низ ба ҳамин ҳадафҳо равона гардидааст.

Дар доираи лоиҳа, ки арзиши он 225 миллиард сӯм мебошад, хатти нави роҳи оҳани дарозиаш 11 километр сохта шуд. Ин хат фурудгоҳи байналмилалии Урганҷро бо истгоҳи роҳи оҳани Хива мепайвандад. Дар масири он як истгоҳ, як пул, гузаргоҳҳо аз болои роҳҳои автомобилгард ва 25 иншооти обгузар сохта шудаанд.

Ба шарофати масири нав имкони ҳамасола интиқол додани тақрибан 650 ҳазор сайёҳи маҳаллӣ ва хориҷӣ фароҳам меояд. Вақти сафар байни Хива ва Урганҷ ду баробар — аз 80 то 40 дақиқа кӯтоҳ мешавад. Дар доираи лоиҳа тақрибан 30 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки ин аввалин лоиҳа дар кишвар мебошад, ки дар доираи он фурудгоҳ бевосита ба шабакаи роҳи оҳан пайваст шудааст. Дар масири «Фурудгоҳи байналмилалии Урганҷ — Хива» қатораи барқии истеҳсоли Чин — CR200J ба ҳаракат дароварда мешавад.

Ин қатораи барқӣ аз шаш вагон иборат буда, ҳамзамон метавонад тақрибан 400 мусофир интиқол диҳад. Суръати он то 160 километр дар як соат мерасад. Дар вагонҳо ҷойҳои дараҷаи VIP, бизнес ва иқтисодӣ, Wi-Fi-и ройгон, имкони пур кардани дастгоҳҳои электронӣ, инчунин низомҳои муосири кондитсионерӣ ва гармидиҳӣ пешбинӣ шудаанд. Барои мусофирони дорои маъюбият низ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Сарвари давлат бо қатораи нави барқӣ ба шаҳри Хива омад.

Дар Хива Президент инчунин троллейбусҳои навро аз назар гузаронд, ки дар масири пайвасткунандаи фурудгоҳи байналмилалии Урганҷ бо истгоҳи роҳи оҳани Хива ҳаракат хоҳанд кард.

10 троллейбус, ки моҳи июли соли ҷорӣ аз Чин оварда шудаанд, бо низоми муосири ҳаракати мустақил муҷаҳҳаз мебошанд. Ҳатто бидуни пайваст шудан ба шабакаи барқӣ онҳо метавонанд масофаи то 100 километр-ро тай кунанд.

Ҳар як троллейбус барои 87 мусофир пешбинӣ шудааст. Дар онҳо барои мусофирони дорои маъюбият, пиронсолон ва мусофирони кӯдакдор шароити мувофиқ фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин портҳои USB ва Type-C, камераҳои назорати видеоии берунӣ ва дохилӣ насб шудаанд. Илова бар ин, троллейбусҳо дорои низомҳои назорати ҳолати ронанда, огоҳӣ дар бораи баромадан аз ҳудуди хатти ҳаракат ва хомӯшкунии автоматии сӯхтор мебошанд.

Ташаббуси харидории ин воситаҳои нақлиёти муосирро Президент ҳангоми сафари худ ба вилояти Хоразм дар соли гузашта пешниҳод карда буд.

Сарвари давлат таъкид намуд, ки ҳамгироии намудҳои гуногуни нақлиёт барои аҳолӣ ва сайёҳон шароити бештар фароҳам оварда, вақти сафарро кӯтоҳ ва ҷолибияти сайёҳии минтақаро баланд хоҳад кард.

Ба масъулон оид ба таъмини хидматрасонии бехатар ва босифат ба мусофирон супоришҳои дахлдор дода шуданд.