Зимни мулоқот махсус таъкид гардид, ки сармоягузориҳои бузурги холдинг ба истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан ва автомобилсозӣ дар Ӯзбекистон далели равшани эътимоди ширкат ба ислоҳоте мебошанд, ки дар кишвар амалӣ мегарданд.
Аз ҷумла, лоиҳаҳои иловагии сармоягузорӣ оид ба навсозии корхонаи «СамАвто» дар шаҳри Самарқанд, тавсеаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот баррасӣ шуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин самтҳои ояндадори ҳамкорӣ, аз ҷумла ворид шудани яке аз шабакаҳои бузурги савдои чаканаи Туркия ба бозори Ӯзбекистон, сохтмони маҷмааи чорводорӣ ва ташкили истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.