Роҳбарони давлатҳо дар маҷмааи «Бештепе»-и Анқара Боғи тамаддунҳои давлатҳои туркиро ифтитоҳ карданд.
Дар ҳудуди боғ павилионҳои давлатҳои туркӣ ҷойгир шудаанд, ки дар онҳо юртаҳои анъанавӣ, намоишгоҳҳои миллӣ ва намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шудаанд. Онҳо мероси ғании таърихию фарҳангӣ ва меъмории халқҳои турк, дастовардҳои онҳоро дар соҳаи илму маърифат, хусусиятҳои хоси анъанаҳо ва рушди муосирашон инъикос мекунанд.
Сарони давлатҳо бо нусхаи навиштаҷоти қадимаи Орхон, ки яке аз ёдгориҳои хаттии халқҳои турк ба шумор меравад, шинос шуданд. Ҳамчунин, бозиҳои миллӣ намоиш дода шуда, камонварон ва размандагон бо либосҳои таърихӣ ҳунарнамоӣ карданд. Сипас, роҳбарони давлатҳо ниҳолҳои булут шинонданд.
Аҳаммияти баланди чунин ташаббусҳо барои ҳифзи хотираи таърихӣ ва мероси фарҳангӣ, таъмини пайванди наслҳо, инчунин таҳкими минбаъдаи робитаҳои бародаронаи халқҳое, ки онҳоро арзишҳои маънавӣ ва анъанаҳои муштарак ба ҳам мепайванданд, таъкид гардид.
Сипас, роҳбарон аз маркази «Малазгирт» боздид карданд. Номи ин марказ ба муҳорибаи Манзикерти 26 августи соли 1071, ки дар таърихи халқҳои турк нақши муҳим бозидааст, ишора мекунад.
Меҳмонони олиқадр намоиши ҳамосавиро бо иштироки саворагон, акробатҳо, каскадерҳо ва аспҳои кишварҳои узви созмон тамошо карданд.