Маҳсулоти кимиёвии маишӣ ва автомобилӣ воситаҳое
мебошанд, ки дар ҳаёти рӯзмарра ва хизматрасонии техникӣ ба воситаҳои нақлиётӣ
васеъ истифода мешаванд. Дар Ӯзбекистон қисми зиёди ин намуди маҳсулот ворид
мешуд, аммо имрӯз истеҳсоли маҳаллӣ дар ин самт босуръат рушд мекунад.
Алҳол корхонаи “BCG Group OZ” бо истеҳсоли навъҳои
гуногуни маҳсулоти кимиёвии маишӣ ва автомобилӣ машғул мебошад.
Дар доираи лоиҳа, ки 6 миллион доллар арзиши умумӣ дорад
ва дар ҳамкорӣ бо шарики русиягӣ ташкил гардидааст, беш аз 80 ҷойи нави корӣ
таъсис дода шуд.
Дар корхона беш аз 80 намуди маҳсулот, аз ҷумла автокимиё
ва автокосметика, воситаҳои касбии тозакунӣ барои меҳмонхона, тарабхона ва
корхонаҳои саноатӣ истеҳсол карда мешаванд.
Танҳо
соли гузашта ба маблағи 176 миллиард сӯм маҳсулот тавлид гардида, ба маблағи
2,6 миллион доллар маҳсулот содирот шудааст. Истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи
воридот ба маблағи 14,7 миллион доллар таъмин гардид.
Сифати
маҳсулот бо санадҳои миллӣ ва байналмилалӣ, бахусус, сертификатҳои ISO 9001, “Ҳалол”
ва давлатҳои ИДМ тасдиқ шудааст.
Дар
раванди истеҳсолот назорати сифат аз марҳилаи ашёи хом то маҳсулоти тайёрро дар
бар мегирад. Дар озмоишгоҳ мутобиқати ашёи хом ба талаботи техникӣ, дараҷаи
часпакӣ, нишондиҳандаи pH, зичӣ ва самарадории маҳсулот санҷида мешавад.
Алҳол
маҳсулоти корхона ба давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон,
Тоҷикистон ва Афғонистон содир мегардад.
Корхона
пеши худ мақсад гузоштааст, ки дар оянда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 294
миллиард сӯм расонад.
Сарвари
давлат таъкид намуд, ки чунин истеҳсолот барои иқтисодиёти кишвар аҳамияти
бузург дорад.