Ду нафари онҳо ба қаллобӣ муттаҳам мешаванд, нафари дигар бошад — ба ҷинояти марбут ба савдои одамон.

Пас аз содир намудани ҷиноятҳо онҳо дар қаламрави Аморати Муттаҳидаи Араб пинҳон шудаанд.

Дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ бо мусоидати Бюрои миллии марказии Интерпол дар Абу-Даби ҳамаи онҳо боздошт гардиданд. Сипас, онҳо дар доираи механизмҳои байналмилалии ҳуқуқӣ ва мувофиқаҳои бадастомада байни бюроҳои миллӣ ба Ӯзбекистон супурда шуданд.

Бо ҳамроҳии кормандони Бюрои миллии марказии Интерполи Ӯзбекистон боздоштшудагон ба Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов оварда шуданд, то ки мувофиқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Таҷриба нишон медиҳад: кӯшишҳои пинҳон шудан дар хориҷ аз ҷавобгарӣ озод намекунад.