«Тошканд босуръат рушд мекунад ва мо бештар дар бораи он
фикр мекунем, ки бо дарназардошти мушкилоти мавҷудаи шаҳрсозӣ ва экологӣ ояндаи
он чӣ гуна хоҳад буд», — навиштааст Саида Мирзиёева дар саҳифаи худ дар шабакаҳои
иҷтимоӣ.
Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба ин масъала бо ташаббускорони
як қатор лоиҳаҳои бузурги меъморӣ, мутахассисони мустақил ва шаҳрсозон, инчунин
намояндагони студияҳои пешрафтаи соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ
мулоқот баргузор гардид.
«Мо бояд якҷо масъалаҳои зиёдеро ҳал кунем — аз сарборӣ
ба шабакаҳои муҳандисӣ ва иншооти иҷтимоӣ то масъалаҳои таъмини энергия ва об.
Сохтмони нав бояд номувозинатии иловагӣ ба вуҷуд наоварда, низомҳои онро аз ҳад
зиёд сарбор нанамуда, ба рушди шаҳр мусоидат кунад”, — таъкид кард ӯ.
Саида Мирзиёева таъкид намуд, ки ҳанӯз масъалаҳои зиёде
бояд ҳал шаванд ва омодагии худро барои дастгирии соҳибкороне изҳор кард, ки
мехоҳанд Тошкандро барои сокинон ва меҳмононаш беҳтар, зеботар, тозатар ва
бехатартар созанд.
«Вазифаҳо зиёданд ва мо ба соҳибкороне кумак хоҳем кард,
ки мехоҳанд Тошкандро барои ҳамаи сокинон ва меҳмононаш беҳтар, зеботар,
тозатар ва бехатартар созанд. Маҳз ҳамин ба сиёсати Ӯзбекистони Нав мувофиқат
мекунад. Зеро дастгирӣ ва ёрии ҳамаҷониба ба чунин соҳибкорон вазифаи мустақимест,
ки Президент дар назди мо мегузорад», — хулоса кард роҳбари Маъмурияти
Президент.