Дар оғози мулоқот Сарвари давлати мо ба шайхулислом барои туҳфа намудани китоби «Баландтарин нуқтаи бародарӣ ва ҳампаймонӣ», ки ба талошҳои муштараки роҳбарони Ӯзбекистон ва Озарбойҷон бахшида шудааст, изҳори сипос намуд.

Зимни суҳбат масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамдигарфаҳмии байни миллатҳо, таҳаммулпазирии динӣ, баланд бардоштани тарбияи маънавии ҷавонон ва дигар мавзӯъҳои муҳим мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Президенти Ӯзбекистон як қатор пешниҳодҳои муҳимро барои ба сатҳи нав баровардани ҳамкории дуҷонибаи фарҳангиву маърифатӣ ироа намуд.

Ҳамчунин зарурати муттаҳид сохтани иқтидори илмӣ дар истифодаи платформаҳои рақамӣ ва воситаҳои интерактивии таълимӣ барои ба ҷавонон бо забони содда ва ҷолиб фаҳмонидани моҳияти ҳақиқии инсондӯстонаи дини ислом таъкид гардид.

Дар анҷоми мулоқот Сарвари давлат ба Аллоҳшукур Пошозода барои саҳми бузургаш дар рушди илми ҷаҳони ислом ордени «Эл-юрт ҳурмати»-и Ӯзбекистонро супурд.