«Мо Шуморо ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ бо таҷрибаи ғанӣ мешиносем, ки аз эҳтиром ва эътирофи халқи худ бархӯрдоред. Мехостам махсусан таъкид намоям, ки ба шарофати роҳбарии қатъии сиёсӣ ва иродаи мустаҳками Шумо нуфуз ва иқтидори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар арсаи байналмилалӣ пайваста тақвият меёбад», -- омадааст дар паём.

Ба рушди муносибатҳои кунунии Ӯзбекистон ва ИМА низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Қайд гардидааст, ки робитаҳои ду кишвар, ки бар пояи эҳтироми мутақобила, эътимод ва манфиатҳои муштарак асос ёфтаанд, солҳои охир пайваста рушд намуда, мазмун ва сифати нав касб мекунанд.

 «Имрӯз муносибатҳои Ӯзбекистон ва Амрико беш аз ҳар вақти дигар устувор буда, хусусияти амалии бештар пайдо мекунанд», — таъкид кардааст Президент Шавкат Мирзиёев.

Сарвари давлат зикр намуд, ки Ӯзбекистон ҳамчун кишваре, ки ба ҳамкории кушоду созанда талош дорад, ба густариши минбаъдаи робитаҳои гуногунҷанба бо ИМА дар асоси шарикии стратегӣ манфиатдор аст. Аз ҷумла, ба боло бурдани сатҳи ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ аҳамияти махсус дода мешавад.

Президенти мамлакат ҳамчунин талошҳои байналмилалии Доналд Трампро дар самти таъмини сулҳу субот баланд арзёбӣ намуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкории бисёрҷониба дар доираи платформаҳои гуногуни байналмилалӣ ва минтақавӣ минбаъд низ рушд ёфта, бо натиҷаҳои нави амалӣ ғанӣ мегардад.

Бо мақсади баррасии муфассали самтҳои ояндадори шарикии стратегӣ, Президенти кишварамон ҳамтои амрикоии худро барои анҷом додани нахустин сафари таърихӣ ба Ӯзбекистон даъват намуд.

Дар анҷоми паём, сарвари давлат ба Доналд Трамп саломатии бардавом, саодати хонаводагӣ ва комёбиҳои бузург дар фаъолияти масъулиятноки давлатӣ, инчунин ба мардуми дӯсти Амрико сулҳу осоиш ва шукуфоӣ орзу кардааст.