Дар ҷараёни маросим президенти Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандон AISBL (International) Саад Ал-Қаддумӣ расман эълон кард, ки соли 2026 ба шаҳри Шаҳрисабз дар самти гулдӯзӣ мақоми «Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ» дода шудааст.

Ба Шаҳрисабз додани ин мақоми байналмилалӣ аз эътирофи ҷаҳонии анъанаҳои чандинсадсолаи ҳунармандии шаҳр, бахусус самти нодири санъати миллии гулдӯзӣ — «ироқӣ», шаҳодат медиҳад.

Дар доираи чорабинӣ шаҳодатномаи байналмилалии тасдиқкунандаи мақоми «Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ» ба ҳокими шаҳри Шаҳрисабз Шерзод Буриев бо тантана супорида шуд.

Ин мақом барои таҳкими минбаъдаи обрӯю эътибори байналмилалии Шаҳрисабз дар соҳаи ҳунармандӣ ва мероси фарҳангӣ, тарғиби васеи анъанаҳои миллии ҳунармандӣ, дастгирии фаъолияти устоҳои маҳаллӣ ва инчунин баланд бардоштани иқтидори сайёҳии шаҳр аҳамияти муҳим дорад.

Ғайр аз ин, эътирофи байналмилалӣ ба муаррифии васеи Шаҳрисабз дар бозорҳои байналмилалии сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои ояндадори сайёҳии ҳунармандӣ ва фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард.