Мулоқоти ошкоро, ки ба як анъана табдил ёфтааст, барои
бевосита омӯхтани масъалаҳои мубрами соҳибкорон, пайдо кардани роҳҳои ҳалли
амалии онҳо ва минбаъд беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ аҳамияти муҳим дорад.
Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба мулоқоти шашуми ошкоро
аз 15 май ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шудааст, ки аз намояндагони беш аз 50
вазорату идора иборат мебошад. Ситод шабонарӯзӣ фаъолият мекунад.
Тавассути маркази тамос ва ботҳои расмӣ аз соҳибкорон тақрибан
6 ҳазор муроҷиат ворид шудааст. Зиёда аз 4,2 ҳазор муроҷиат ба таври мусбат ҳал
гардида, баррасии тақрибан 1,8 ҳазор муроҷиат идома дорад.
Дар доираи омодагӣ ба мулоқоти ошкоро аз ҷониби ташкилотҳои
масъул беш аз 750 вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар онҳо зиёда аз 8,8 ҳазор соҳибкор
иштирок намуданд. Дар ин вохӯриҳо беш аз 3,5 ҳазор пешниҳод ва масъалаҳои
мубрам баён карда шуданд.
Дар беш аз 130 вохӯрие, ки аз ҷониби Бизнес-омбудсман ва
Палатаи савдо ва саноат ташкил карда шуданд, зиёда аз 5,7 ҳазор соҳибкор
иштирок намуда, тақрибан 1,5 ҳазор масъалаи мубрамро матраҳ карданд. Якҷо бо
вазорату идораҳои дахлдор пешниҳодҳо оид ба ҳалли куллии мушкилоти ошкоршуда ва
такмили қонунгузории амалкунанда таҳия карда мешаванд.
Ҳамзамон, дар байни 5 ҳазору 72 соҳибкор аз тамоми минтақаҳои
кишвар пурсиш гузаронида шуд. Дар рафти он масъалаҳои самаранокии фаъолияти
корхонаҳо, сармоягузорӣ ва таъминоти инфрасохторӣ, маъмурикунонии андоз, савдои
хориҷӣ, инчунин соҳаи судиву ҳуқуқӣ омӯхта шуданд.
93 фоизи пурсидашудагонро корхонаҳои хусусии ватанӣ
ташкил доданд. Соҳаҳои савдо, хизматрасонӣ, саноат, сохтмон ва кишоварзӣ низ
фаро гирифта шуданд.
Таҳлил нишон дод, ки корхонаҳо ҳанӯз имкониятҳои назаррас
барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва коҳиш додани арзиши аслии маҳсулот
доранд. Дар корхонаҳое, ки платформаҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои
каммасрафи энергияро ҷорӣ намуда, навъҳои нави маҳсулот ва усулҳои муосири истеҳсолотро
аз худ кардаанд, нишондиҳандаҳои фурӯш, рақобатпазирӣ, музди меҳнат ва
сармоягузорӣ баландтар мебошанд.
Аз ҷумла, дар корхонаҳое, ки ҳадди ақал се чораро барои
баланд бардоштани самаранокӣ татбиқ кардаанд, эҳтимоли коҳиш ёфтани арзиши аслӣ
4,1 баробар ва эҳтимоли афзоиши музди меҳнат бо суръати баландтар 2,1 баробар
зиёд будааст. Аммо ҳиссаи корхонаҳое, ки чунин чораҳоро дар се ё зиёда самт
татбиқ мекунанд, ҳамагӣ 11,6 фоизро ташкил додааст. Дар айни замон, 28,5 фоизи
корхонаҳо дар ин самт умуман ягон чора наандешидаанд.
Дар 51 фоизи корхонаҳо вақтҳои охир маҳсулот ё
хизматрасонии нав ва ё навоварӣ ҷорӣ карда нашуда, навсозӣ низ анҷом дода
нашудааст. Дар давоми соли гузашта 40 фоизи корхонаҳо сармоягузорӣ накардаанд
ва 29 фоизи онҳо барои соли оянда низ чунин нақша надоранд. Ҳамзамон, монеаҳои
асосӣ фоизҳои баланди қарзӣ, баҳои пасти амволи гарав, шумораи зиёди ҳуҷҷатҳои
зарурӣ ва муҳлати тӯлонии расмикунонии қарзҳо номбар шудаанд.
Аз рӯи натиҷаҳои пурсиш, 38 фоизи корхонаҳо барои коҳиш
додани арзиши аслӣ ягон чора наандешидаанд. Дар 53 фоизи онҳо арзиши аслии молу
хизматрасониҳо афзоиш ёфтааст. Сабабҳои асосӣ болоравии нархи ашёи хом, инчунин
афзоиши хароҷот барои захираҳои энергетикӣ ва логистика номбар шудаанд. Илова
бар ин, 43 фоизи корхонаҳо барои сарфаи энергия чорае наандешидаанд ва 49 фоизи
онҳо аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истифода намебаранд.
Таъминоти инфрасохторӣ низ яке аз масъалаҳои асосие боқӣ
мемонад, ки соҳибкорон бо он рӯ ба рӯ мешаванд. Дар байни мушкилоти асосӣ соҳибкорон
қатъшавии зуд-зуд, шиддат ва фишори паст, инчунин масъалаҳои вобаста ба лимитҳо
ва тарифҳоро номбар кардаанд.
Иштирокчиёни пурсиш эътироф намуданд, ки дар соҳаи
маъмурикунонии андоз як қатор ислоҳоти муҳим амалӣ гардидааст, вале ҳамзамон ба
баъзе мушкилоти вобаста ба гузаронидани санҷишҳо ва баргардонидани андоз аз
арзиши иловашуда ишора карданд. Дар баробари ин, 94 фоизи соҳибкорон таъсири
рейтинги устувориро ба фаъолияти худ баланд арзёбӣ намуданд.
22,3 фоизи корхонаҳои дар пурсиш иштироккарда ба
фаъолияти савдои хориҷӣ машғул мебошанд. Монеаҳои асосӣ барои содирот мушкилоти
пайдо кардани харидорони хориҷӣ, сертификатсияи маҳсулот, логистика, воситаҳои
молиявӣ ва расмиёти гумрукӣ, инчунин норасоии иттилоот дар бораи бозорҳо ва
малакаҳои маркетингӣ номбар шудаанд.
Дар соҳаи судиву ҳуқуқӣ дастрасӣ ба кӯмаки ҳуқуқии соҳибихтисос
ва шаффофияти харидҳои давлатӣ мусбат арзёбӣ шуданд. Ҳамзамон, 73 фоизи соҳибкорон
қайд карданд, ки расмиёти бюрократӣ дар раванди иҷрои маҷбурӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ
таъсири манфӣ мерасонанд.
Роҳбари давлати мо зарурати таҳлили амиқи муроҷиатҳои
воридшуда ва натиҷаҳои пурсишро аз рӯи минтақаҳо ва соҳаҳо таъкид намуда,
дастур дод, ки барои ҳалли мушкилоти системавие, ки ба рушди соҳибкорӣ монеъ
мешаванд, қарорҳои мушаххас таҳия карда шаванд.

Дар соҳаи судиву ҳуқуқӣ дастрасӣ ба кумаки ҳуқуқии соҳибихтисос
ва шаффофияти харидҳои давлатӣ мусбат арзёбӣ шуданд. Ҳамзамон, 73 фоизи соҳибкорон
қайд карданд, ки расмиёти бюрократӣ дар раванди иҷрои маҷбурӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ
таъсири манфӣ мерасонанд.
Роҳбари давлати мо зарурати таҳлили амиқи муроҷиатҳои
воридшуда ва натиҷаҳои пурсишро аз рӯи минтақаҳо ва соҳаҳо таъкид намуда,
дастур дод, ки барои ҳалли мушкилоти системавие, ки ба рушди соҳибкорӣ монеъ
мешаванд, қарорҳои мушаххас таҳия карда шаванд.
Супориш дода шуд, ки оид ба баланд бардоштани самаранокии
корхонаҳо, васеъ ҷорӣ намудани навовариҳо ва технологияҳои каммасрафи энергия, ҳалли
масъалаҳои қарздиҳӣ ва инфрасохтор, такмили маъмурикунонии андоз, дастгирии
содиркунандагон, инчунин таҳкими ҳифзи ҳуқуқии соҳибкорон пешниҳодҳо омода
карда шаванд.
Ҳамчунин вазифа гузошта шуд, ки барои ҳар як масъалае, ки
дар ҷараёни мулоқоти ошкоро матраҳ мегардад, ҳалли мушаххас, механизми татбиқи
он, шахсони масъул ва муҳлати иҷро муайян карда шавад.