Дар дар моҳҳои январ-майи соли 2026 ҳаҷми савдои хориҷии Ӯзбекистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 3,5 миллиард доллари ИМА расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 27,5 фоиз зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда 10,8 фоиз аз ҳаҷми умумии савдои хориҷии кишварро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла:

содироти Ӯзбекистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 1,3 миллиард доллар (+30,8%) , воридот 2,2 миллиард доллар (+25,7%)-ро ташкил дод.

Дар қисмати кишварҳои Осиёи марказӣ ишондиҳандаҳои гардиши савдои Ӯзбекистон чунинанд:

бо Қазоқистон – 2,3 миллиард доллар (+26,4%), аз ҷумла:

содирот – 573,7 миллион доллар, воридот – 1,7 миллиард доллар.

бо Қирғизистон – 469 миллион доллар (+43,9%), аз ҷумла:

содирот – 341,9 миллион доллар, воридот – 127,1 миллион доллар.

бо Туркманистон – 427,9 миллион доллар (+9,3%), аз ҷумла: содирот – 77,8 миллион доллар, воридот – 350,1 миллион доллар.

бо Тоҷикистон – 375,8 миллион доллар (+42,1%), аз ҷумла:  содирот – 293,6 миллион доллар, воридот – 82,2 миллион доллар.

Ҳиссаи бештарини гардиши савдои Ӯзбекистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ: Қазоқистон – 64 фоиз, Қирғизистон – 13 фоиз, Туркманистон – 12 фоиз, Тоҷикистон – 11 фоизро ташкил медиҳад.