Дар Маркази конгресс роҳбари давлати моро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев самимона истиқбол гирифт.
Аксбардории муштараки сарони ҳайатҳо баргузор шуд.
Пеш аз оғози ҷаласа сарони давлатҳо дар маросими гузоштани капсула дар таҳкурсии Маркази тамаддуни туркӣ иштирок карданд.
Ин маҷмаае, ки бо ташаббуси Қазоқистон бунёд мешавад, барои намоиши решаҳои муштараки таърихӣ, мероси бойи фарҳангӣ ва ягонагии тамаддунии халқҳои туркӣ равона гардидааст. Лоиҳа ба густариши ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангиву башардӯстона миёни кишварҳои ҷаҳони турк, таҳкими наздикии маънавӣ, тарғиби арзишҳо ва анъанаҳои муштарак нигаронда шудааст.
Сипас барои раҳбарон муаррифии роҳҳалҳои рақамии Қазоқистон, инчунин ташаббусҳои муштараки кишварҳои иштирокдори Созмони давлатҳои туркӣ дар соҳаи IT ва зеҳни сунъӣ баргузор гардид.