Дар чорабинӣ аъзои ҳукуматҳо, роҳбарони ширкатҳои пешсаф ва намояндагони доираҳои соҳибкории ду кишвар иштирок карданд.

Дар форум Подшоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни ал-Ҳусайн ва раиси Палатаи саноати ин кишвар Фатҳи ал-Ҷағбир низ суханронӣ карданд.

Сарвари давлатамон зимни суханронӣ махсус таъкид намуд, ки сафари таърихии Подшоҳи Урдун ба Самарқанд, ки соли гузашта ба вуқӯъ пайваст, дар муносибатҳои дуҷониба саҳифаи нав боз кард.

Дар натиҷаи мулоқоти фаъоли сатҳи олӣ ва васеъмиқёс доираи ҳамкориҳои иқтисодӣ пайваста густариш меёбад. Дар панҷ соли охир ҳаҷми тиҷорати мутақобила қариб 9 баробар ва танҳо дар соли 2025-ум 80 фоиз афзудааст. Ҳоло дар кишварамон бо иштироки сармоягузорони урдунӣ беш аз 20 корхона фаъолият доранд.

Байни Тошканд ва Аммон парвозҳои мустақим роҳандозӣ шуда, низоми бидуни раводид ҷорӣ гардид. Ҷамъомадҳои нахустини Комиссияи байниҳукуматӣ ва Шӯрои соҳибкорон бомуваффақият баргузор шуданд.

Дар доираи сафари давлатӣ имзо гардидани Созишнома дар бораи савдои имтиёзнок бо қаноатмандӣ зикр гардид. Ин санад татбиқи меъёрҳои пасткардашудаи боҷи гумрукиро нисбат ба 300 навъи мол пешбинӣ мекунад.

Президенти кишвар изҳори боварӣ намуд, ки ин созишнома барои ба таври назаррас зиёд кардани ҳаҷми таҳвили маҳсулот ва ба 500 миллион доллар расонидани гардиши мол заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.

Сарвари мамлакат аз имзои шартнома ва созишномаҳои назаррас дар доираи форуми тиҷоратӣ истиқбол намуда, ба панҷ самти афзалиятноки густариши шарикии иқтисодӣ таваққуф намуд.

Якум – саноати нассоҷӣ. Дар асоси ашёи хом ва маҳсулоти нимтайёри Ӯзбекистон дар минтақаи махсуси иқтисодии Ақаба роҳандозии истеҳсолоти муштарак, якҷоя содир намудани маҳсулоти тайёр ба бозорҳои кишварҳои сеюм пешниҳод гардид.

Дуюм – саноати кӯҳкорӣ. Аз сармоягузорони урдунӣ даъват шуд, ки дар татбиқсозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи маъданҳои муҳим дар технопаркҳои «Металлҳои оянда», ки дар Тошканд ва Самарқанд таъсис меёбанд, ҳамкорӣ намоянд.

Сеюм – саноати дорусозӣ. Зарурати маҳаллисозии муштараки истеҳсоли навъҳои нави маҳсулоти дорусозӣ ва роҳандозии трансфери технологияҳои пешрафта таъкид гардид. Гуфта шуд, ки дар ин самт дар кластери «Tashkent Pharma Park» барои шарикони урдунӣ шароити зарурӣ ва имтиёзҳо фароҳам мегарданд.

Чорум – саноати кимиё. Дурнамои истеҳсоли нуриҳои минералии рақобатпазир дар заминаи муттаҳид намудани имкониятҳои мавҷудаи ду кишвар баррасӣ гардид. Созишномаҳое, ки оид ба истеҳсоли иловаҳои хӯрокворӣ, маҳсулоти кимиёи маишӣ ва воситаҳои ҳифзи растаниҳо ба даст омаданд, эътироф гардиданд.

Панҷум – кишоварзӣ. Таъкид гардид, ки бо таъсиси кластерҳои муштараки агросаноатӣ ва рушди тухмипарварӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ метавон дар таъмини амнияти озуқавории ҳар ду кишвар саҳми назаррас гузошт.

Сарвари давлат таъкид намуд, ки барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Гуфта шуд, ки низоми бидуни раводид ва парвозҳои мустақим барои афзоиши ташрифи сайёҳон шароити мусоид фароҳам меоранд.

Президент дӯстони урдуниро ба зиёрати шаҳрҳои бостонии Самарқанд, Бухоро ва Хива, ки аз марказҳои бузурги таърихиву маънавии ҷаҳони ислом ба шумор мераванд, даъват кард.

Дар доираи форум, зимни мулоқотҳои намояндагони доираҳои соҳибкорӣ дурнамои татбиқсозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои чармгарӣ, телетиб, маҳсулоти хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, электротехника ва логистика низ баррасӣ гардиданд.

Ба соҳибкорони урдунӣ фазои мусоиди сармоягузории дар кишвар фароҳамшуда, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва имкониятҳои кооператсияи саноатӣ муаррифӣ карда шуд.

Гуфта шуд, ки моҳи марти соли оянда дар шаҳри Тошканд Форуми навбатии тиҷоратии Ӯзбекистон – Урдун баргузор мегардад. Сарвари давлат аз шарикони урдунӣ даъват кард, ки дар ин чорабинӣ бо пешниҳод ва ташаббусҳои нав фаъол иштирок намоянд ва соҳибкорони кишварамонро бошад, ба истифодаи васеи имкониятҳои бозори Урдун ҳидоят намуд.

Дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ мунтазам мониторинг гардидани ҷараёни иҷрои созишномаҳои ҳосилшуда ва лоиҳаҳои муштарак муайян гардид.