Бахусус, Эъломияи муштарак дар бораи таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ байни Ӯзбекистон ва Урдун қабул гардида, Созишнома дар бораи барқарор намудани муносибатҳои шарикии стратегӣ ба имзо расид. Ин санадҳои байнидавлатӣ барои ба марҳалаи сифатан нав баровардани робитаҳои байни кишварҳо нигаронида шудаанд.

Инчунин, дар бахшҳои савдои имтиёзнок, кӯмаки ҳуқуқии мутақобила оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, фарҳанг ва саноати эҷодии фарҳангӣ, китобхонаҳои миллӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва бойгонӣ, ҳифзи муҳити зист, энергетика ва идоракунии захираҳои об созишномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расиданд.

Ғайр аз ин, аз рӯйи густариши ҳамкорӣ дар самтҳои дипломатияи иқтисодӣ, саноати кӯҳкорӣ ва геология, сохтмони манзил ва рушди шаҳрсозӣ, рақамикунонӣ ва технологияи иттилоотӣ, назорати маҳсулоти хӯрокворӣ ва доруворӣ, хизматрасонии тиббӣ, инчунин чорводорӣ тавофуқ ҳосил гардид.

Бо мақсади рушди робитаҳои байниминтақавӣ созишномаҳо дар бораи ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Тошканд ва Аммон, инчунин шаҳри Самарқанд ва минтақаи сайёҳии Петра иваз карда шуданд.

Дар доираи сафари давлатӣ дар маҷмӯъ 19 санади дуҷониба қабул ва имзо гардиданд. Ин тавофуқҳои муҳим ба таҳкими шарикии стратегӣ, густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву гуманитарии байни Ӯзбекистон ва Урдун, инчунин татбиқсозии лоиҳаҳои муштараки мутақобилан судманд мусоидат хоҳанд кард.