Тавре маркази матбуоти Маркази тамаддуни исломӣ хабар
дод, дар Эъломия як қатор ташаббусҳои ҷаҳонӣ пеш гузошта шудаанд. Аз ҷумла, пешниҳод
шудааст, ки Эътилофи ҷаҳонии тамаддуни
исломии назди Маркази тамаддуни исломӣ дар Ӯзбекистон таъсис
дода шавад, ки созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, осорхонаҳо,
китобхонаҳо, бойгониҳо, марказҳои дастхатҳо, пажӯҳишгоҳҳо ва дигар сохторҳои
манфиатдорро муттаҳид хоҳад кард.
Ташаббусҳои асосӣ таъсиси Феҳристи ҷаҳонии рақамии мероси тамаддуни исломӣ, ки ҳамаи
ёдгориҳои ин меросро дар як платформаи байналмилалии рақамӣ муттаҳид мекунад, татбиқи
барномаи байналмилалии «Тамаддуни
исломӣ — мероси тамоми башарият», таъсиси Ҷоизаи байналмилалии тамаддуни исломӣ,
таъсиси Китобхонаи ҷаҳонии рақамии
тамаддуни исломӣ, баргузории
Форуми байналмилалии ҷавонон оид ба
тамаддуни исломиро дар бар мегирад.
Ҳамаи ин ташаббусҳо ба ҳифз, омӯзиши илмӣ ва муаррифии
васеи мероси башардӯстонаи тамаддуни исломӣ равона шудаанд.
Таъсиси Маркази тамаддуни исломӣ дар Ӯзбекистон ва
баргузории Форуми якуми байналмилалии тамаддуни исломӣ оғози марҳилаи нави ҳамкории
байналмилалӣ дар самти омӯзиш, ҳифз ва тарғиби мероси тамаддуни исломиро ифода
мекунад.