Зикр гардид, ки таҷрибаи пешрафтаи Чин дар соҳаи кайҳонӣ
барои Ӯзбекистон имкониятҳои васеъ фароҳам меорад ва ба суръатбахшии интиқоли
технология ва азхудкунии донишҳои нав мусоидат мекунад.
Ҳамкории кайҳонӣ барои сектор воқеии иқтисодиёт аҳамияти
амалӣ дорад: он имкон медиҳад ҳосилнокии кишоварзӣ дақиқтар пешбинӣ шавад,
захираҳои об самаранок идора гарданд, мониторинги экологӣ тақвият ёбад ва банақшагирии
шаҳрсозӣ ва инфрасохтор такмил ёбад.
Дар рафти мулоқот инчунин ташаббусҳо оид ба партофтани
аввалин моҳвораи илмии Ӯзбекистон ва омодасозии аввалин кайҳоннаварди миллӣ,
инчунин нақшаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин самт баррасӣ шуданд.