Яке аз натиҷаҳои муҳими музокирот ба даст омадани мувофиқа
дар бораи имзои Созишномаи байниҳукуматии байни Ӯзбекистон ва Сербия дар соҳаи
муҳоҷират ва ҳаракати озоди қувваи корӣ гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷониби Сербия ба ҷалби мутахассисони
соҳибихтисос аз Ӯзбекистон барои сохтмони иншооти намоишгоҳи байналмилалии EXPO 2027,
ки дар ин кишвар баргузор мешавад, таваҷҷуҳ зоҳир кард. Масъалаҳои омодасозии
пешакии кадрҳо дар ин самт ва ба ҷойҳои корӣ бо шароити муносиби меҳнат
фиристодани онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ифтитоҳи сафорати Сербия
дар Ӯзбекистон дар назар аст. Интизор меравад, ки ин иқдом раванди гирифтани
раводидро барои ҳамватанони мо, ки ҳоло тавассути шаҳри Остона анҷом дода
мешавад, ба таври назаррас осон хоҳад кард.
Музокирот
бо директори Хадамоти миллии шуғли Сербия Милан Боснич идома ёфт. Ҷонибҳо ба
мувофиқа расиданд, ки пас аз тасвиби Созишномаи байниҳукуматӣ Протоколи ҳамкорӣ
миёни ду ниҳод дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳаракати қувваи корӣ ба имзо
расонда шавад.