Ин масъала зимни мулоқоти директори Агентии муҳоҷирати Ӯзбекистон
Муҳсинхоҷа Абдураҳмонов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ӯзбекистон
Александр Огородников баррасӣ шуд.
Тавре хабар дода мешавад, пас аз омӯзиши ҳуҷҷатҳои номзадҳои
пешниҳодшуда аз вилояти Андиҷон то имрӯз рӯйхати
204 номзад тартиб дода шудааст. Барои иштирок дар марҳилаи
интихобӣ довталабон аз тамоми минтақаҳои Ӯзбекистон ҷалб карда мешаванд.
Ҷойҳои кории пешниҳодшаванда дар Беларус асосан ба соҳаҳои
чорводорӣ, корҳои тракторӣ, ронандагӣ
ва корҳои ёрирасон марбутанд.
Дар марҳилаи аввал ҳуҷҷатҳо ва малакаҳои касбии номзадҳо
санҷида мешаванд. Интихоби ниҳоӣ дар асоси суҳбатҳои онлайн бо корфармоёни
Беларус анҷом дода мешавад.
Зимни мулоқот ҳамчунин пешниҳод шуд, ки имкони пешпардохт намудани хароҷоти сафари шаҳрвандон аз ҷониби
корфармоён мавриди омӯзиш қарор гирад.