Сарвари давлати мо роҳбари Беларусро самимона бо рӯзи таваллудаш табрик намуда, ба ӯ саломатии бардавом, некуаҳволӣ ва муваффақиятҳо, инчунин ба мардуми дӯсти Беларус сулҳу осоиш ва шукуфоӣ орзу кард.

Дар навбати худ, Президенти Беларус роҳбар ва мардуми бисёрмиллати Ӯзбекистонро ба муносибати фарорасии Рӯзи истиқлолият самимона табрик намуда, ба кишвар рушди устувор ва шукуфоӣ орзу кард.

Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои мубрами густариши минбаъдаи муносибатҳои Ӯзбекистону Беларус ҳамчун шарикии стратегӣ дар заминаи татбиқи тавофуқҳое, ки зимни сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Минск 8–9 июли соли ҷорӣ ба даст омада буданд, баррасӣ шуданд.

Бо қаноатмандӣ робитаҳо ва табодули судманд, пеш аз ҳама дар сатҳи минтақаҳои ду кишвар таъкид гардид.

Аз оғози сол ҳаҷми гардиши мол 28 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар соҳаҳои кишоварзӣ, мошинсозӣ, дорусозӣ, саноати электротехникӣ, сабук ва дигар бахшҳои саноатӣ лоиҳаҳои ҳамкорӣ амалӣ шуда истодаанд.

Роҳбарони Ӯзбекистон ва Беларус инчунин ҷадвали мулоқотҳо ва чорабиниҳои дуҷонибаи дарпешистодаро баррасӣ карданд.