Дар таркиби қатор маҳсулоти саноати коркарди чӯб, маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ва дигар молҳои дорои арзиши иловашудаи баланд интиқол дода мешаванд. Қисме аз борҳо тавассути қаламрави Ӯзбекистон ба Қирғизистон ва Тоҷикистон ба таври транзитӣ расонда мешаванд.
Қатора масофаи тақрибан 4 ҳазор километрро дар ҳамагӣ 7 шабонарӯз тай намуда, интиқоли босуръат ва самараноки борҳои содиротию воридотиро байни Беларус ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таъмин мекунад.
Фиристода шудани қатори дуюм нишон медиҳад, ки талабот ба ин хидматрасонии нави нақлиётӣ ва логистикӣ рӯ ба афзоиш аст ва самаранокии ин масирро, ки аз қаламрави Ӯзбекистон мегузарад, тасдиқ мекунад.