Дар ҷараёни чорабинӣ ба ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар низоми таҳсилоти касбии Ӯзбекистон амалӣ мешаванд, диққати махсус дода шуд.

Дар форум зиёда аз 200 нафар, аз ҷумла намояндагони палатаҳои савдо ва саноати Олмон, муассисаҳои таълимии вобаста ба онҳо, коршиносони соҳавӣ, ташкилотҳои омӯзишӣ ва арзёбии сатҳи забон, инчунин муассисаҳои таълимӣ ва давлатӣ иштирок карданд.

Дар натиҷаи форум бо ҷониби олмонӣ 47 созишнома ба имзо расид, ки аз онҳо 14-то дар сатҳи ҷумҳуриявӣ мебошанд.