Дар ҷараёни амалиёт муайян гардид, ки ду сокини шаҳри Қӯқанд (солҳои таваллудашон 1994 ва 2002) якҷо бо шиноси худ — сокини ноҳияи Қӯштеппа (соли таваллудаш 2001), бо автомашинаи навъи “Gentra” ба ноҳияи Фарғона равона шудаанд.
Дар он ҷо онҳо 11 650 дона ҳабҳои доруи зудтаъсиркунандаи «Регапен»-ро, ки ғайриқонунӣ аз давлати ҳамсоя ба ҳудуди Ӯзбекистон ворид шуда буд, қабул карданд.
Сипас, ҳангоми баргаштан ба Қӯқанд, дар ҳудуди ноҳияи Учқўприк онҳо аз ҷониби гурӯҳи оперативӣ боздошт шуданд. Ҳангоми дастгиркунӣ онҳо кӯшиш карданд доруҳоро аз мошин партофта, аз ҷойи ҳодиса фирор кунанд, аммо нақшаашон амалӣ нашуд.
Маълум гардид, ки онҳо ба фурӯши ин дору ба сокинони Фарғона ва Қӯқанд машғул буданд.
Дар айни ҳол нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Шаҳрвандони муҳтарам! Агар дар ҳаёти ҳаррӯза бо чунин ҳолатҳои вайронкунии қонун рӯ ба рӯ шавед, лутфан ба рақами кӯтоҳи 1520-и Хадамоти давлатии амният хабар диҳед. Махфияти шахсияти шумо таъмин карда мешавад.