Тавре ки дар Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон хабар доданд, амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони раёсати вилоятии ин хадамот дар ҳамкорӣ бо раёсати корҳои дохилии вилоят гузаронида шудааст.
Муайян гардидааст, ки се сокини маҳаллӣ, ки солҳои таваллудашон 2003 ва 2005 мебошанд, дар манзили яке аз биноҳои истиқоматии бисёрошёна ба коркард ва фурӯши моддаҳои дорои таъсири сахт машғул будаанд.
Ҳангоми кофтуков дар суроғаи зикршуда, дар ҳузури шоҳидон, ба сифати далелҳои шайъӣ 5 килою 863 грамм моддаи дорои таъсири сахти «Прегабалин», 100 ҳазор капсулаи холӣ, ду тарозуи электронӣ, дастпӯшакҳои тиббӣ ва дигар ашё мусодира карда шуданд.
Нисбат ба гумонбарон бо банди «б»-и қисми 2-и моддаи 276¹ Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, нисбат ба онҳо чораи пешгирӣ дар шакли ҳабс татбиқ шудааст.
Айни замон амалҳои тафтишотӣ идома доранд.