Корхона ба ҳайати корпоратсияи «Jiangsu World Group» дохил мешавад, ки ба рӯйхати 500 ширкати бузурги хусусии Чин шомил аст.
Лоиҳа бо арзиши 20 миллион доллар пурра аз ҳисоби сармоягузориҳои хориҷӣ амалӣ шудааст. Корхона дар ҳудуди 5 гектар ҷойгир буда, масоҳати биноҳои истеҳсолии он 12 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо 200 ҷойи корӣ таъсис дода шуда, қисми равандҳои истеҳсолӣ автоматӣ гардонида шудааст.
Айни замон дар корхона панҷ модели трактор, мошинҳои пахтачинӣ ва дигар техникаи кишоварзӣ таҳти бренди «Nasaf» васлу ҷамъ карда мешаванд. Тракторҳо бо низомҳои навигатсияи GPS ва идоракунии автоматӣ (автопилот) муҷаҳҳаз мебошанд. Раванди нуриандозӣ ва назорати он аз масофаи дур амалӣ мегардад. Ин имконият медиҳад, ки корҳои саҳроӣ бо дақиқии баланд иҷро шуда, сарфи сӯзишворӣ ва дигар захираҳо кам карда шавад.
Дар корхона ҳамчунин мунтазам омӯзишҳо оид ба хизматрасонии техникии мошинҳо дар шароити саҳро, сари вақт ошкор намудани нуқсонҳо ва истифодаи бехатари техника баргузор мешаванд.
Сатҳи маҳаллисозӣ дар васлу ҷамъ кардани тракторҳо 30 фоизро ташкил медиҳад. Худи корхона 138 навъи ҷузъу қисмҳои эҳтиётӣ ва комплекткунандаҳоро истеҳсол мекунад. Таъкид гардид, ки сатҳи маҳаллисозӣ бояд марҳила ба марҳила тавассути тавсеаи истеҳсоли мустақили ҷузъу қисмҳо ва таҳкими ҳамкориҳо бо корхонаҳои маҳаллӣ баланд бардошта шавад.
Дар назар аст, ки 30 фоизи маҳсулоти истеҳсолшаванда ба кишварҳои ҳамсоя содир гардида, ҳаҷми солонаи содирот то ба 50 миллион доллар расонида шавад.
Президент бо раванди истеҳсолот ва техникаи тайёр шинос гардид.
– То имрӯз мо техникаи кишоварзиро аз хориҷ ворид мекардем, ки ин ба арзиши аслии маҳсулот таъсир мерасонд. Истеҳсоли техникаи муосир таҳти бренди худӣ дар Қашқадарё, ки меҳнати фермерони моро осон мекунад, замоне танҳо орзу буд. Маҳаллисозӣ идомаи мантиқии ислоҳоти мо дар соҳаи кишоварзист. Мо ин корро пайгирона идома хоҳем дод, – гуфт сарвари давлат.