Сарвари давлат таъкид намуд, ки дар тӯли панҷ соли охир ба вилоят 20 триллион сӯм равона гардида, 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст. Ҳазорон лоиҳа оид ба коркарди амиқи ашёи хом ба роҳ монда шуда, даромади ҳар сари аҳолӣ се баробар афзудааст.

— Акнун зарур аст, ки маҳсулоти парваришшуда дар худи вилоят ба таври амиқ коркард шуда, барои гирифтани даромади муносиб аз ҷониби сокинони минтақа шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад, — гуфт Президент.

Бо ин мақсад 161 лоиҳа бо арзиши умумии беш аз 6 миллиард доллар омода шудааст. Дар маросим 69 лоиҳа ба истифода дода шуда, ба сохтмони боз 92 иншоот оғоз бахшида шуд.

Дар 28 корхонаи саноатие, ки ба фаъолият оғоз мекунанд, ҳудуди 7 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис дода мешавад. Бренди итолиёвии Cotonella истеҳсоли солонаи 8,5 миллион адад маҳсулоти тайёри трикотажиро ба роҳ мемонад. Дар ноҳияҳои Косон, Миришкор ва Касбӣ татбиқи боз 14 лоиҳа дар соҳаи нассоҷӣ оғоз мегардад. Дар доираи ин лоиҳаҳо таъсиси 18 ҳазор ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст.

Иқтидорҳои нав дар соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ низ бунёд мешаванд. Корхонаи Wosune Food Ingredients Karshi бо иштироки шарикони амрикоӣ 100 ҳазор тонна маҳсулоти меваю сабзавотро, ки дар майдони 3,5 ҳазор гектар парвариш карда мешавад, коркард хоҳад кард. Қарор аст, маҳсулот ба маблағи 40 миллион доллар барои брендҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Nestlé ва Purina, содир карда шавад. Сармоягузорони Миср ва Покистон барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои картошкапарварӣ ва чорводорӣ ба азхудкунии 24 ҳазор гектар замин дар ноҳияҳои Нишон ва Ғузор оғоз мекунанд.

— Иқтисоди “сабз” ба пояи устувори рушди вилоят табдил хоҳад ёфт, — таъкид кард Сарвари давлат.

Дар дарёи Оқсув се неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 24 мегаватт ба истифода дода шуд. Дар ноҳияи Қаршӣ бо иштироки ширкати чинии Shanghai SUS то охири сол ба кор андохтани корхонаи истеҳсоли неруи барқ аз партовҳо бо арзиши 150 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст. Дар ноҳияҳои Китоб, Яккабоғ ва Шаҳрисабз нӯҳ неругоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори умумии 58 мегаватт сохта мешавад.

Дар ноҳияи Китоб лоиҳаи истихроҷи тилло дар ҳамкорӣ бо Озарбойҷон оғоз мегардад. Дар ноҳияи Шаҳрисабз бошад, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони Русия бунёди маҷмаае ба маблағи 300 миллион доллар пешбинӣ шудааст, ки роҳи симин, меҳмонхона ва осоишгоҳи лижарониро дар бар мегирад.

Президенти мамлакат ба шарикон ва сармоягузорони хориҷӣ барои сармоягузорӣ ба вилоят, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва навовариҳо изҳори сипос намуд. Пешниҳодҳои онҳо низ шунида шуданд.

— Соли 2027 соли рушди Қашқадарё дар заминаи саноати муосир ва агротехнологияҳо хоҳад шуд, — изҳор дошт Сарвари давлат.

Сипас Президент бо пахш кардани тугмаи рамзӣ ба татбиқи лоиҳаҳои нав оғоз бахшида, оғози сохтмони иншооти минбаъдаро эълон кард.