Дар намоишгоҳ 42 навъи маҳсулоти ба содирот нигаронидашудаи Ӯзбекистон, аз ҷумла ҳанут, маҳсулоти маргаринӣ, меваю сабзавоти хушк, зироатҳои лӯбиёгӣ, маҳсулоти шаробсозӣ ва дигар молҳо ба маъраз гузошта шуданд. Ин маҳсулот таваҷҷуҳи зиёди соҳибкорони чиниро ба худ ҷалб намуд.

Айни замон 28 навъи маҳсулоте, ки аз ҷониби 82 ширкати ӯзбекистонӣ истеҳсол мешаванд, бомуваффақият дар феҳристи давлатии Чин ба қайд гирифта шудаанд.

Дар доираи форум инчунин мулоқотҳои B2B баргузор шуданд, ки дар натиҷаи онҳо бо ширкатҳои бузурги тиҷоратии чинии «Randesi», «Sani» ва «Leato» ба маблағи умумии тақрибан 20 миллион доллари ИМА созишномаҳои пешакӣ ба даст омаданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшид Хоҷаев бо фаъолияти павилони миллии намоишгоҳ ва маҳсулоти корхонаҳои иштироккунанда шинос шуд.