Ҳангоми санҷиши манзили истиқоматии як шаҳрванди соли таваллудаш 2003 анбори махфие пайдо шуд, ки дар он 28 ҳазору 928 адад дорувории 28 номгӯи истеҳсоли хориҷӣ, аз ҷумла «Ортофен», «Нейрокс», «Тирозол», «Сиофор» ва дигар доруҳое, ки сертификати мутобиқати сифат надоштанд, нигоҳ дошта мешуданд. Ҳамаи ин дорувориҳо мусодира гардида, тибқи тартиби муқарраргардидаи мурофиавӣ ҳуҷҷатгузорӣ шуданд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, арзиши дорувориҳои ғайриқонунӣ ба қаламрави Ӯзбекистон воридшуда тақрибан 1,4 миллиард сӯмро ташкил медиҳад.

Айни замон нисбат ба дорувориҳои мусодирашуда ташхиси коршиносӣ таъин гардида, санҷиши пешакӣ идома дорад.

Хадамоти давлатии амният аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар сурати ошкор намудани чунин қонуншиканиҳо тавассути рақами кӯтоҳи 1520 хабар диҳанд. Махфияти маълумоти муроҷиаткунандагон пурра кафолат дода мешавад.