Вилояти Намангон бо анъанаҳои ғании футболӣ ва
футболбозони боистеъдоди худ дар мамлакат мавқеи хоса дорад. Бо мақсади мутобиқи
стандартҳои байналмилалӣ омода намудани насли ҷавон, академияи «Навбаҳор» ба муҳлати
се сол ба ихтиёри академияи футболи “Аякс”, ки яке аз мактабҳои пешсафи футболи
ҷаҳон ба шумор меравад, супурда шудааст.
«Аякс» (соли 1900 таъсис ёфтааст) аз маъруфтарин академияҳои
ҷаҳон маҳсуб меёбад ва тавассути интиқоли шогирдони худ ба клубҳои машҳури
Аврупо ҳамасола ба ҳисоби миёна 50–70 миллион евро даромад ба даст меорад.
Тибқи созиш, байни клубҳо академияи муштараки футболи
наврасон таъсис ёфта, бобати омодасозии бозигарону мураббиёни ҷавони ӯзбекистонӣ
модели идоракунии «Аякс» ҷорӣ карда мешавад.
Алҳол дар академия мутахассисони хориҷӣ, аз ҷумла
мураббиён ва скаутҳо фаъолият намуда, корҳои омодасозии ҷавонони маҳаллиро дар
асоси меъёрҳои футболи Аврупо идома медиҳанд.
Президент инфрасохтори академия, майдонҳои машғулот ва
имкониятҳои барои тарбиятгирандагон фароҳамшударо аз назар гузаронд. Инчунин,
бо футболбозони ҷавон ва мутахассисони хориҷӣ суҳбат намуда, ба орзуву мақсад
ва нақшаҳои онҳо таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи футбол дар
мамлакат, дастгирии ҷавонони боистеъдод ва вусъат додани иштироки дастаи
мунтахаби миллии Ӯзбекистон дар майдонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Сарвари
давлат бо тарбиятгирандагони академия акс гирифт.