Ҳамчунин лоиҳаи «Маркази иттилоот ва хидматрасонии маҳалла»,
ки дар маҳаллаи Намангони Нави ноҳияи Норин ташкил мегардад, муаррифӣ шуд.
Тавассути ин марказ ба зиёда аз 27 ҳазор нафар сокинони 8
маҳалла пешниҳод намудани 980 намуди хидматҳо дар худи маҳалла, дар асоси
тамоюли «равзанаи ягона» ба нақша гирифта шудааст. Дар ин раванд маълумот оид
ба ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини шуғл, профилактика, андоз, ҷинояткорӣ, таълим ва
дигар нишондиҳандаҳои муҳими минтақа дар низоми ягонаи рақамӣ ҳамгиро карда
мешаванд.
Дар тақдимот оиди баланд бардоштани самарадории фаъолияти
нозирони профилактикӣ гуфта шуд, ки 18 намуди равандҳои марбут ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ
рақамӣ гардида, ба планшетҳои кормандон интегратсия карда шудаанд. Инчунин,
нозирон бо боди-камераҳои муосир таъмин шуда, фаъолияти онҳо ба Маркази вазъиятҳо
мустақиман пайваст гардидааст.
Дар ҳамин ҷо ба Президенти мамлакат дар бораи самтҳои
нави афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Намангон маълумот дода шуд.
Таъкид
гардид, ки солҳои охир ҳаҷми саноати Намангон аз 4,6 триллион сӯм то 40
триллион сӯм афзоиш ёфтааст. Соли ҷорӣ вазифа гузошта шудааст, ки дар Намангон
маҳсулоти умумии минтақавӣ 9,2 фоиз, саноат 9, хидматрасонӣ 17 ва кишоварзӣ 6,8
фоиз зиёд карда шавад. Ҳамчунин, зарурати ба муҳаррикҳои асосии рушди вилоят
табдил додани соҳаҳои мошинсозӣ, металлургия, саноати сабук, хизматрасонӣ ва
самтҳои нави иқтисодӣ таъкид гардид.
Бо
мақсади тақвияти равиши илмӣ дар рушди минтақаҳо, 14 “маркази ақл” аз рӯи таҷрибаи
Намангон ба усули нави корбарӣ мегузаранд. Онҳо дар шаҳру ноҳияҳо диагностикаи
иқтисодӣ гузаронида, оид ба маҳсулнокии меҳнат, сифати сармоягузорӣ,
кооператсия, фаъолнокии тиҷоратӣ ва занҷираҳои арзиши иловашуда захираҳои навро
муайян хоҳанд кард.
Ба
масъулон супориш шуд, ки то 1 сентябр иқтидори саноатии ҳар як ноҳияро ҳамаҷониба
омӯхта, дар асоси натиҷаҳо барномаи нав таҳия намоянд. Таъкид гардид, ки ҳар як
таҳқиқоти илмии аз ҷониби «марказҳои ақл» омодашуда бояд дар амал татбиқ
гардида, ба рушди минтақа ё соҳаи муайян хидмат намояд.
Соли
ҷорӣ барои рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори тиҷоратӣ дар вилояти
Намангон аз буҷет 4,5 триллион сӯм ҷудо карда шудааст. Ҳамчунин барои тиҷорати
хурду миёна 6,5 триллион сӯм захира равона карда мешавад.
Дар
вилоят вазифаи то охири сол бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани 80 ҳазор нафар,
афзунсозии даромади 314 ҳазор шаҳрванд ва аз камбизоатӣ баровардани 21 ҳазор
оила ба миён гузошта шудааст.
Дар
панҷ моҳ 23,5 ҳазор аҳолӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд, беш аз 8 ҳазор оила аз
камбизоатӣ раҳо гардиданд. Бо вуҷуди ин, дар баъзе ноҳияҳо ҳанӯз ҳам баланд боқӣ
мондани сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ танқид карда шуд. Ба масъулон супориш шуд,
ки самарадории корҳоро бобати таъмини шуғл, соҳибкорӣ ва коҳиши камбизоатӣ
афзунтар намоянд.
Имкониятҳои
нави соҳаи кишоварзӣ низ муаррифӣ гардиданд. Вазифа гузошта шуд, ки дар ноҳияи
Косонсой соҳаи чорводориро пеш бурда, то охири сол дар 4 ҳазору 700 гектар
зироатҳои хӯроки чорво кишт намоянд ва шумораи чорвои калон ва гӯсфанду буз ду
баробар зиёд карда шавад.
Супориш
шуд, ки дар ноҳияи Поп аз заминҳои адир босамар истифода намуда, таҷрибаи
ташкили боғҳои саноатии органикиро густариш диҳанд. То анҷоми сол боз дар 400
гектар адирҳо боғҳои саноатӣ ташкил мегарданд ва дар муҳлати як моҳ дар 2 ҳазору
800 гектари иловагӣ корҳои амалӣ оғоз мешаванд.
Ба
масъалаи ба ҷавонон омӯхтани касбу ҳунарҳои муосир диққати махсус дода шуд.
Вазифа гузошта шуд, ки дар Намангон ҳадди ақал 5 маркази хусусии таълимиву баҳодиҳии
ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалиро таъсис дода, дар ҳамин сол таълими 20 ҳазор ҷавон
роҳандозӣ шавад.
Ба
масъулон супориш шуд, ки бо назардошти талаботи нави бозори меҳнат эҳтиёҷ ба
касбҳои муосирро муайян намоянд, барои марказҳои таълимиву баҳодиҳӣ аз биноҳои
техникумҳо ҷой ҷудо кунанд ва корҳои таъмиру ободонии техникумҳои мавҷударо то
оғози соли нави таҳсил ба анҷом расонанд.
Масъалаҳои
сармоягузорӣ ва содирот низ муҳокима шуданд. Соли ҷорӣ ҷалби 5 миллиард доллар
сармояи хориҷӣ ба Намангон ва ба 1,2 миллиард доллар расонидани ҳаҷми содирот ҳадаф
гузошта шудааст. Дар доираи Форуми панҷуми байналмилалии сармоягузории Тошканд
дар сатҳи вилоят 43 созишнома ба маблағи 3 миллиард доллар ба даст омад.
Барои
баланд бардоштани иқтидори содиротӣ супориш дода шуд, ки дар қиёси ҳар як ноҳия
ва шаҳр корбарӣ намуда, дар мисоли Намангон низоми «Экосистемаи ягонаи содиротӣ»,
ки аз истеҳсоли маҳсулот то стандартизатсия, сертификатсия, бастабандӣ,
логистика ва расмиёти гумрукӣ – тамоми марҳилаҳоро фаро мегирад, татбиқ карда
шавад.
Соли
ҷорӣ барои ба масофаи 130 километр кашидани шабакаи оби нӯшокӣ, 2,5 километр
шабакаҳои партовоб ва сохтмони 9 иншооти нави об 703 миллиард сӯм ҷудо шудааст.
Дар натиҷа, 34 ҳазор аҳолӣ бори аввал бо оби нӯшокии мутамарказ таъмин гардида,
25 ҳазор нафар ба шабакаи партовоб пайваст хоҳанд шуд.
Бозсозии
75 километри роҳи автомобилгарди «Пунгон – Намангон», ба роҳи чорсамтаи бетонӣ
табдил додани он, инчунин сохтмони 21 пул ва 22 гузаргоҳи пиёдагард ба нақша
гирифта шудааст.
Бо
мақсади рушди нақлиёти ҷамъиятӣ супориш дода шуд, ки то 1 сентябр 90 автобус,
50 электробус ва 30 микроавтобус, инчунин то 1 июли соли оянда боз 105
электробуси дигар оварда шавад. Ҳамчунин, ҳамин сол ҷиҳати тармими низоми
канализатсияи шаҳри Намангон дар асоси шарикии давлативу бахши хусусӣ корҳои
амалӣ оғоз мегарданд.
Дар
соҳаи тандурустӣ дар ноҳияҳои Косонсой ва Уйчӣ низ ҷорӣ намудани модели нави
ёрии аввалияи тиббию санитарӣ муайян гардид. Инчунин, аз моҳи октябр дар вилоятҳои
Намангон, Андиҷон ва Фарғона барномаи миллии мубориза бо сактаи дил ва сактаи
мағзӣ роҳандозӣ мешавад.
Дар
ҷамъомад масъалаҳои кам кардани иқтисоди пинҳонӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва
корбарии мақсаднок бо ҷавонон низ баррасӣ гардиданд.
Ҳисоботи
муовинони Сарвазир, роҳбарони минтақаҳо ва дигар мутасаддиён шунида шуд.