Тавре қаблан хабар дода шуда буд, ташаббуси баргузории форум аз ҷониби роҳбари давлат дар ҷараёни саммити якуми «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо», ки 4 апрели соли 2025 дар Самарқанд баргузор шуда буд, пешниҳод гардида буд.
Дар муколамаи байналмилалӣ намояндагони парламентҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон, вакилони Парлумони Аврупо, инчунин коршиносон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, муҳаққиқон ва доираҳои соҳибкорӣ иштирок доранд.
Дар доираи форум ҷаласаҳои муҳим оид ба мавзӯъҳои зерин, ба мисли вазъи муосири муколамаи сиёсӣ ва дурнамои он, трансформатсияи «сабз», пайвастагии иқтисодӣ, амнияти фазои рақамӣ, идоракунии фарогир, нақши дипломатияи парламентӣ дар ҷаҳони муосир баргузор мешаванд.